Субҳи имрӯз, 23 декабр зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Дӯстӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 огоҳ гардиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 дар деҳаи Ғалабаи ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл воқеъ буда, бо дастгирии Ҷумҳурии Туркманистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъмориву шаҳрсозӣ тарҳрезӣ карда шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи мазкур дорои 20 синфхона барои 540 хонанда дар як баст, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толори хониши хонандагон, ошхона барои 220 ҷойи нишаст, толори варзишӣ (дар масоҳати 240,6 метри мураббаъ), маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст, толор барои гузаронидани маҳфилҳои хонандагон, хоҷатхонаҳои дохилӣ мебошад. Дар қисми берунаи бино трансформатор, ҳавз барои оташ, ҳавз барои оби нӯшокӣ ва полезӣ, ҷой барои нуқтаҳои гармдиҳӣ ва майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд зикр намуд, ки масоҳати умумии қитъаи замин барои муассиса ҷудошуда 3,00 гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии зери сохтмон 3880 метри мураббаъ, масоҳати кабудизоркунӣ 12543 метри мураббаъ, масоҳати роҳҳо 12655 метри мураббаъ, масоҳати майдончаи варзишӣ 1716 метри мураббаъ, масоҳати умумии роҳравҳо барои давидан 1536 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Фармоишгари сохтмон сафоратхонаи давлати Туркманистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пудратчии асосии сохтмон Ҷамъияти хоҷагидории «Довлет Гурлушык»-и давлати Туркманистон мебошад.
Корҳои сохтмонӣ аз 21 июни соли 2023 шуруъ шуда, лоиҳакаши бино ООО “Хатлонлоиҳасоз” мебошад.
Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ идома дошта, 48 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Сохтмон то ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — 9 сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад.
Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки корҳои ободонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ босифат анҷом дода, дар муҳлати муқарраргардида ба истифода дода шаванд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон