1-уми декабри соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар дар доираи мулоқоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо масъулини соҳаи футболи мамлакат ва иҷрои самарабахши дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Рамазон Насриддинзода бо директорони муассисаҳои мактаби варзишии вилоят ва мураббиёни футбол вохӯрӣ доир намуд.
Дар вохурӣ як қатор масъалаҳои вобаста ба соҳаи футболи вилояти Хатлон баррасӣ карда шуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов дар мавриди мушкилоти футболи вилояти Хатлон шунида шуд.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки вазъи варзишгоҳҳо ва зерсохтори футбол дар вилояти Хатлон дар ҳолати хуб қарор надорад. Ҳамчунин, баъзе дастаҳои футболи кӯдакону наврасони шаҳру ноҳияҳои вилоят сару либоси ягона надоранду дар бозиҳои даври вилоятии Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои 12-сола, 13-сола, 14-сола, 16-сола ва 18-сола иштирок накарданд. Вобаста ба масъалаи мазкур сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон масъулинро ҷиҳати ҳалли мушкилии мавҷуда дастуру супоришҳо доданд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар мавсими имсолаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои 12-сола, 13-сола, 14-сола, 16-сола ва 18-сола дастаҳои баъзе ноҳияҳо иштирок накарданд. Аз ин рӯ, ба масъулин супориш дода шуд, дар мавсими соли 2024 дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят дастаҳои футболи кӯдакону наврасон ва ҷавонон ташкил карда шавад.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон