Имрӯз, зимни истиқболи ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон — 2022» миннатдории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро сардори Раёсати маорифи вилоят Ғазалшоҳ Сафарзода ба Қодирзода Озодамо,ки дар сатҳи ҷумҳурӣ беҳтарин мураббӣ эътироф гардидааст, расонид.
Гуфта шуд,ки Қодирзода Озодамо, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша» — и ноҳияи Восеъ бо донишу маҳорати баланди касбии худ тавонист,ки дар сатҳи ҷумҳурӣ миёни мураббиёни кишвар ғолибият ба даст орад.
Ғолибияти Қодирзода Озодамо гувоҳи он аст,ки дар муассисаҳои таълимии томактабии вилояти Хатлон беҳтарин мураббиҳои кишвар фаъолият карда, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузорӣ мекунанд.
Сипас, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ба ғолиби озмун Қодирзода Озодамо Сипоснома ва гулдастаҳоро аз номи раиси вилояти Хатлон тақдим намуд.