Ҳамчунин дар доираи сафари кории худ ба шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон, собиқадори меҳнат дар соҳаи тандурустӣ Раъно Ғафуроваро аёдат намуданд.
Собиқадори меҳнат Раъно Ғафурова ба ҳайси духтур-момодоя 49 сол дар шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намудааст. Заҳматҳои ин модари кордонро ба инобат гирифта бо унвони «Аълочии тандурустии СССР», медали «Шавқат», «Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда шуданд.
Айни замон Раъно Ғафурова давлати пирӣ меронад.
Зимни суҳбат Раъно Ғафурова бо иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, аз ташаббусу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ғ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовари намуда, ба Пешвои муаззами миллат изҳору сипоси миннадори намуданд.