Имрӯз, дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, ба аёдати собиқадори меҳнат, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоибро аёдат намуданд.
Гуфта шуд, ки заҳмати собиқадори меҳнат, шахсиятҳои хидматнишондода, зери таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қобили зикраст, ки Ҳақназар Ғоиб дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст.
Ӯ баъди хатми донишкада як сол ба ҳайси омӯзгор фаъолият намуда, баъдан, ба пешаи рӯзноманигорӣ рӯй овардааст. Ҳақназар Ғоиб дар гузашта раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маданият, сарвари Кумитаи телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб, котиби масъули бахши Кӯлоби Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон», сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди Кӯлоб» ифои вазифа намудааст.
Соли 1976, унвони Шоири халқии Тоҷикистон соли 1996, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рӯдакӣ соли 2000 Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳинро соҳиб шудааст. Як силсилаи достонҳои ӯ «Эҳёнома», «Ҳасрати Фирдавсӣ», «Ҳасрати Эйнштейн», «Ашки Офтоб», «Сурӯши Хатлон» рӯи нашр омадаанд.
Ҳақназар Ғоиб соли 1989 барои эҷоди Достони қаҳрамонии «Эҳёнома», ки ба корномаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст, сазовори нахустин Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода гардидааст. Соли 2000 асари «Сурӯши Хатлон» сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ шудааст.
Роҳбарияти вилоят, барои хизмати содиқона ва бисёрсола ва саҳмгузориаш дар рушди адабиёти тоҷик, тарбияи насли наврасу ҷавон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.