ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ КОРХОНАИ НАССОҶИ «ВАҲДАТ ТЕКСТАЙЛ»-И ШАҲРИ КӮЛОБ ДИДАН НАМУДАНД

Баъд аз мулоқот бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб иҷрокунандаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз корхонаи нассоҷи «Ваҳдат текстайл»-и шаҳри Кӯлоб, ки моҳи октябри соли 2021 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, дидан намуда бо роҳбарият ва кормадони ин коргоҳ суҳбат намуданд.
Масъулини корхона ба роҳбарияти вилоят иттилоъ доданд, ки коргоҳи мазкур аз ду баст иборат буда, айни замон 113 нафар коргар дар як баст кор мекунанд. Ичунин иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи мазкур ду намуди маҳсулот занона ва мардона истеҳсол мешавад. Аз соли 2021 то соли 2022 корхона 2 миллиону 136 ҳазору 300 дона ҷӯроб истеҳсол кардааст.

Related Articles