БОЗДИД АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ ВИЛОЯТИИ БЕМОРИҲОИ ДИЛИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Дар идомаи сафар, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз фаъолияти Муассисаи давлатии Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоб шинос гардиданд.
Инчунин аз наздик бо беморон ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ пурсон гардида, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар хизматрасонии тиббӣ ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тавсияву маслиҳатҳои муфид дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки Маркази мазкур аз соли соли 1989 ҳамчун Диспансери бемориҳои дили шаҳр фаъолият дошта, он дорои 50 кати хоб буда, аз 3 шуъба иборат мебошад. Аз ҷумла, шуъбаи Ишемиявии дил, шӯъбаи ИҶБВ ва шӯъбаи эҳёгарӣ буда, имрӯзҳо ба сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмати хуби тиббӣ мерасонад.

Related Articles