МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

Имрӯз, дар идомаи сафари корӣ дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилояти дар минтақаи Кӯлоб буда, соҳибкорону кишоварзон ва дигар шахсони масъул доир шуд.
Саравал раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр доир ба вазъи иқтисодиву иҷтимои, корҳои ободони созандагӣ ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтасар баромад намуд.
Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар назди ҳозирин баромад намуда изҳор аз он дошт, ки таърих гувоҳ аст, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб ҳамеша бо далерию шуҷоат, ифтихори баланди ватандорӣ, саховатмандию ободкориашон маъруф гардида, намунаи ибрат мебошанд. Чавонмардони Кӯлоб дар ибтидои даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳимояи сохти конститутсионӣ ва ҳоло ҳам барои ҳифзи якпорчагии давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ истодагарӣ карда, дар рушду ободонии мамлакат саҳми муносиб мегузоранд.
Ҳамчунин зимни баромади иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қайд карда шуд, ки барои фаъолияти муташаккилона ва ноил гардидан ба дастовардҳои назаррас дар маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, ки 10 январи соли ҷорӣ доир гардид, шаҳри Кӯлоб ҳамчун шаҳри беҳтарин дар вилоят ба ҷойи якум сазовор шуд. Тибқи натиҷаи соли 2022 баробари дастовардҳо дар шаҳр баъзе нишониҳандаҳои манфӣ низ ҷой доранд, ки дар соли ҷорӣ бояд бо меҳнати суботкорона ва азму талоши дучанд барои ислоҳи онҳо тадбирҳои муассир андешида шаванд.
Қайд гардид, ки ҳоло мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем, — қайд намуд раиси вилоят. — Тибқи нақша, ба истиқболи ин ҷашн дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 462 бинову иншооти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Итминони комил дорам, ки мардуми ватандӯсти Кӯлоб бо шукргузорӣ аз давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлол минбаъд низ дар вусъати корҳои ободонию созандагӣ, ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодӣ ва ваҳдату субот дар сафи пеш қарор хоҳанд дошт.
Дар интиҳои вохури раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолони шаҳри Кӯлобро вазифадор кард, ки ҷиҳати таъмини иҷрои сифатноки нақшаи андозҳо, даромаду хароҷоти буҷет, таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, ташкил кардани захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ, бомаром идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, иҷрои лоиҳаҳои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025, татбиқи лоиҳаҳо, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ, махсусан сармояи мустақим, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бештар ба соҳаҳои иқтисодиёт равона намудани қарзҳои бонкиро таҳти назорати доимӣ қарор дода, бо дарки масъулияти баланд дар ҳамкорӣ бо фаъолони ҷомеа ва соҳибкорони баору номус чораҳои муассир андешанд.
Инчунин дар идомаи мулоқот як қатор сокинон ва фаъолони шаҳри Кӯлоб аз ташаббусу дастгириҳои пайвастаи бевоситаи роҳбарияти олии кишвар махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовари намуда ба Пешвои муаззами миллат изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Related Articles