Субҳи 20-уми январи соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати шиносоӣ аз корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф овард.
Дар доираи сафари кории хеш нахуст Давлаталӣ Саид аз Маҷмааи “Дуои Модар”, ки моҳи октябри соли 2022 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуда буд, дидан намуда, ҳамчун рамзи эҳтиром ба модар гулгузорӣ намуданд.