Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мулоқоти кории иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Валихон Туреханов баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳими тиҷорати кишоварзии ду кишвар баррасӣ шуд. Муҳтарам Давлаталӣ Саид дар суханронии хеш ҳайати соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистонро таҳти сарварии Сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Валихон Туреханов хайрамақдам гуфта, дар бораи самтҳои муҳими соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон сухан намуд.
Сипас, Сафири Қазоқистон зикр дошт, ки дар нақша доранд ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшида, содироти маҳсулот, аз ҷумла пиёзу сабзӣ ва карамро афзоиш диҳанд. Тибқи иттилоъ барои татбиқи ин ҳадаф соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 миллион доллар пешпардохт намоянд. Гуфта шуд, ки дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 миллион доллар афзоиш ёбад.
Соҳибкорон аз Қазоқистон барои харидории ангури тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд ва интизор меравад, ки ҳамкориҳо дар ин ҷода густариш ёбад.
Вилояти Хатлон метавонад дар як сол то 500000 тонна пиёз истеҳсол кунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад. Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.
Пиёзе, ки дар кишвари мо истеҳсол мешавад, аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Тибқи иттилоъ соли 2021 гардиши мол миёни ду кишвар 1 миллиарду 200 миллион долларро ташкил дода, соли равон ин рақам ба якуним миллиард доллар расонда мешавад.
Ҳамзамон дар ин вохӯри дар самти парвариши лиму гуфта гузаштанд, ки ноҳияи Љайҳун яке аз маконоҳои лиму парварӣ буда, айни замон меваи лиму дар ин ноҳия фаровон мебошад, ки метавонанд ба давлати худ содирот намоянд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо ҳамдигарро ба муносибати 30-умин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатӣ шодбош гуфтанд.
Дар идомаи сафари корӣ ҳайати меҳмонон ба ноҳияи Ҷайҳун бо мақсади шиносоии бештар бо иқтидори кишоварзии вилояти Хатлон раҳсипор шуданд.