ХОВАЛИНГ, 24 октябр. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Шугнов маркази хизматрасонӣ ва чойхона, инчунин хати оби нӯшокиро, ки бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ва кашида шудаанд, мавриди истифода қарор доданд.
Маркази хизматрасонӣ ва чойхона бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Раҳмиддин Каримов ва бо маблағи умумии 1 миллиону 580 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Корҳои сохтмонии иншоот моҳи майи соли 2026 оғоз гардида, пурра ба анҷом расидаанд. Дар ҷараёни сохтмон 12 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
Иншооти мазкур бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз буда, барои ташкили хизматрасонии босифат ба сокинон ва меҳмонони деҳа пешбинӣ шудааст. Ба истифода додани он ҳамчунин барои таъсиси 10 ҷойи нави корӣ замина фароҳам оварда, дар рушди соҳибкории маҳаллӣ ва густариши имкониятҳои шуғли аҳолӣ саҳм мегузорад.
Раиси вилояти Хатлон зимни шиносоӣ бо иншоот ба аҳамияти ташаббусҳои соҳибкорони маҳаллӣ дар рушди иқтисодии деҳот ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Таъсиси чунин марказҳои хизматрасонӣ барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад.
Ҳамзамон, бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Каримзода Руҳулло хати оби нӯшокӣ ба масофаи 12 километр кашида шуда, барои беҳтар намудани таъминоти сокинони деҳаи Шугнов бо оби тоза шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Амалӣ гардидани ин иқдом дар беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ, таъмини эҳтиёҷоти рӯзмарраи аҳолӣ ва фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ аҳамияти муҳим дорад.
Мавриди истифода қарор гирифтани иншооти хизматрасонӣ ва хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Шугнов идомаи корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ховалинг буда, саҳми соҳибкорони маҳаллиро дар рушди инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ инъикос менамояд.
Инчунин, раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сохтмони меҳмонхонаи наву замонавӣ, ки бо ташаббуси ҳамин соҳибкорон дар деҳаи Шугнов бунёд мегардад, санги асос гузоштанд. Меҳмонхонаи мазкур бо дарназардошти талаботи муосир ва фароҳам овардани шароити зарурии хизматрасонӣ бунёд гардида, дар оянда барои қабули меҳмонон ва сайёҳон, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рушди имкониятҳои сайёҳии ноҳия мусоидат хоҳад кард. Татбиқи чунин ташаббусҳо дар баробари фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонон, ба рушди соҳибкории маҳаллӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии ноҳияи Ховалинг заминаи мусоид мегузорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

