ҚОНУНҲОИ НАВУ ТАҒЙИРОТ ДАР КУМИТАИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

13 октябр дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия ҷаласа баргузор гардид.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои кумита як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба танзими муносибатҳои иқтисодӣ ва рушди соҳаҳои мухталиф равона шудаанд, баррасӣ намуданд.

Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат», ки дар шакли мукаммал қабул гардидааст, инчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси шаҳрсозӣ ва қонунҳо дар бораи алоқаи фелдегерӣ, алоқаи почта, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ, иттифоқҳои қарзӣ, баҳодиҳии мутобиқат, нафт ва газ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, тағйироти марбут ба танзими давлатии истеҳсолу муомилоти спирти этилӣ ва машрубот низ муҳокима шуданд.

Дар натиҷаи ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда хулосаҳои дахлдор қабул гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Related Articles