ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ хатти оби нӯшокӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба истифода додани чунин иншооти муҳими иҷтимоӣ барои сокинони деҳоти Хуросон аҳамияти хосса дошта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Зеро дастрасӣ ба оби нӯшокии тоза яке аз талаботи асосии зиндагии шоиста буда, таъмини мунтазами аҳолӣ бо оби босифат на танҳо ба беҳтар шудани шароити рӯзгори сокинон, балки ба ҳифзи саломатӣ, беҳдошти муҳити зист ва баланд гардидани сатҳи хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Дар доираи татбиқи ин лоиҳа барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар масофаи 3 километр қубурҳои обгузар насб карда шудаанд. Иншооти нави обтаъминкунӣ барои фароҳам овардани шароити муносиб ба сокинони деҳоти Хуросон пешбинӣ гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани он имконият фароҳам омадааст, ки 6000 нафар аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин карда шаванд.
Барои сокинони маҳал татбиқи ин иқдом қадами муҳим дар самти беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва ҳалли яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Дар баробари кашидани хати оби нӯшокӣ, бо мақсади нигоҳдорӣ ва захира намудани об бочкаҳои махсуси металлӣ низ насб гардидаанд. Мавҷудияти чунин зарфҳои захиравӣ имкон медиҳад, ки об дар ҳолатҳои зарурӣ нигоҳдорӣ шуда, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ба таври мунтазам ба роҳ монда шавад.
Зимни шиносоӣ бо иншоот таъкид гардид, ки таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокии тоза яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар солҳои охир бо мақсади беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд. Дар ин раванд, бунёд ва таҷдиди шабакаҳои обтаъминкунӣ, бахусус дар деҳот, барои беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Хусусияти муҳими ин иқдом дар он аст, ки корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаи мазкур бо ташаббус ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ амалӣ гардидааст. Саҳми соҳибкорон дар татбиқи чунин лоиҳаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки имкониятҳои соҳибкорӣ метавонанд дар баробари рушди иқтисодӣ ба ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ, ободонӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори маҳал низ равона карда шаванд.
Сокинони деҳоти Хуросон бо қаноатмандӣ иброз медоранд, ки мавриди истифода қарор гирифтани хатти нави оби нӯшокӣ яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарраи онҳоро ҳал намуда, барои беҳтар гардидани шароити зиндагӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

