ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, дар деҳаи Тоҷикистони деҳоти Хуросони ноҳияи Фархор бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Майдончаи варзишӣ бо ташаббус ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машқу тамрини сокинони деҳа, бахусус наврасону ҷавонон, бунёд гардидааст.
Иншооти варзишӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ ҷойгир буда, барои баргузории машғулиятҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Акнун наврасону ҷавонони деҳа метавонанд дар вақти холии худ ба машқу тамрин ва намудҳои гуногуни варзиш машғул шуда, маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.
Зимни ифтитоҳи иншоот таъкид гардид, ки бунёд ва ба истифода додани майдончаҳои варзишӣ дар маҳалҳо яке аз тадбирҳои муҳим дар самти татбиқи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Фароҳам овардани чунин шароит барои аҳолӣ, бахусус ҷавонону наврасон, ба таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди тарбияи ҷисмонӣ, баланд бардоштани маърифати варзишӣ ва ҷалби ҳарчи бештари онҳо ба варзиш мусоидат менамояд.
Мавриди истифода қарор гирифтани майдончаи варзишӣ дар деҳаи Тоҷикистон барои рушди минбаъдаи соҳаи варзиш дар маҳал, ташкили самараноки вақти фароғати ҷавонону наврасон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меорад.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

