ДЕҲАИ НАВОБОДИ ФАРХОР СОҲИБИ БУНГОҲИ НАВИ ТИББӢ ШУД

ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Фархор дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Зафар бунгоҳи нави тиббӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар маросими ба истифода додани иншооти иҷтимоӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров ва Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин иштирок намуданд.

Бинои нави тиббӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Самиев Закариё бунёд гардида, барои беҳтар намудани дастрасии аҳолии деҳа ба хизматрасониҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои қабули беморон пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи бинои тиббӣ дар соли 2026 бо тарҳи замонавӣ таҳия гардида, сохтмони он моҳи феврали соли 2026 оғоз ёфта, моҳи сентябри ҳамин сол ба анҷом расонида шудааст. Иншоот якқабата буда, масоҳати зерисохтмони он 100 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Барои бунёди иншоот 280 ҳазор сомонӣ маблағ сарф гардидааст.

Бинои тиббӣ аз 4 ҳуҷраи асосӣ иборат буда, дар он ҳуҷраи қабул, ҳуҷраи сардухтур, ташхисгоҳ ва ҳуҷраи муоина пешбинӣ гардидааст. Фароҳам овардани чунин шароити зарурӣ имкон медиҳад, ки сокинони деҳа барои гирифтани хизматрасониҳои аввалияи тиббӣ ба ҷойҳои дуртар муроҷиат накарда, дар маҳалли зисти худ аз хизматрасонии тиббӣ бархӯрдор шаванд.

Бунёди иншооти нави тиббӣ дар деҳот яке аз иқдомҳои муҳим дар самти беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Мавҷудияти чунин муассисаҳо, пеш аз ҳама, барои сари вақт гузаронидани муоинаи тиббӣ, ташхиси бемориҳо ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ имконият фароҳам меорад.

Зимни шиносоӣ бо шароити иншоот таъкид гардид, ки рушди инфрасохтори иҷтимоӣ дар деҳот, аз ҷумла сохтмону навсозии муассисаҳои тиббӣ, аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ ва дастгирии ташаббусҳои созанда аҳамияти муҳим дорад.

Ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Самиев Закариё дар бунёди бинои нави тиббӣ дар деҳаи Навобод намунаи саҳмгузорӣ дар рушди инфрасохтори иҷтимоии маҳал буда, барои беҳтар гардидани шароити хизматрасонии тиббӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles