ФАРХОР, 6 октябр. Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва дар идомаи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, дар деҳаи Сомониёни деҳоти Зафар корхонаи коркарди пахтаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Фархор» баъди таъмиру азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани корхона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми вазири адлия Мансурҷон Умаров, роҳбарияти ноҳия ва дигар масъулини мақомоти давлатӣ иштирок намуданд.
Таъмиру азнавсозии корхонаи коркарди пахта бо ташаббус ва сармоягузории соҳибкор Раҳмон Азимов ба анҷом расонида шудааст. Корхона дар масоҳати умумии 2,5 гектар ҷойгир буда, баъди навсозӣ иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои коркарди ашёи хоми он васеъ гардидааст.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид таъкид намуданд, ки рушди саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад.
Ноҳияи Фархор дорои имкониятҳои васеи кишоварзӣ, бахусус дар самти пахтакорӣ буда, ба роҳ мондани коркарди пахта дар дохили ноҳия барои зиёд намудани арзиши иловагии маҳсулот, рушди соҳаи саноат ва беҳтар гардидани вазъи иқтисодии аҳолӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Раиси вилоят ҳамчунин соҳибкоронро ба густариши фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодии минтақа ҳидоят намуданд.
Тибқи иттилои масъулони корхона, дар ин ҷо зиёда аз 80 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши муносиб таъмин мебошанд. Ба масъалаи ҷалби занону бонувон ба фаъолияти меҳнатӣ низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардида, зиёда аз 20 нафар кормандони корхона занону бонувон мебошанд, ки дар пешбурди фаъолияти истеҳсолӣ саҳми назаррас мегузоранд.
Ҳамзамон, дар тобеияти корхонаи коркарди пахта кооперативи тиҷоратии «Шамшод» фаъолият дошта, бо мақсади таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифат дар майдони 200 гектар навъи пумбадонаи ба шароити иқлими минтақа мутобиқ кишт намудааст. Ташкили чунин фаъолияти истеҳсолӣ барои таъмини кишоварзон бо тухмии хушсифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи пахтакорӣ аҳамияти муҳим дорад.
Иқтидори солонаи корхона ба 16 ҳазор тонна пахта баробар буда, он имконият дорад дар мавсими ҷамъоварии ҳосил маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишоварзони ноҳия ва минтақаҳои гирду атрофро қабул ва коркард намояд.
Айни замон қабули ҳосили имсолаи пахта дар корхона идома дошта, то имрӯз 330 тонна пахта қабул гардидааст. Корхона ба ғайр аз пахтаи дар ноҳияи Фархор истеҳсолшуда, ашёи хомро аз ноҳияҳои гирду атроф низ қабул менамояд. Ин имконият барои сари вақт ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди пахтаи истеҳсолшуда мусоидат мекунад.
Ба иттилои масъулин, то имрӯз дар корхона 2200 тонна пахта коркард гардида, 750 тонна нахи соф истеҳсол шудааст.
Яке аз самтҳои дигари фаъолияти корхона коркарди маҳсулоти иловагии пахта мебошад. Дар ҳудуди корхона коргоҳи равғанбарорӣ низ фаъолият дошта, аз пумбадона, ки маҳсули коркарди пахта мебошад, равғани растанӣ истеҳсол карда мешавад. Иқтидори солонаи коргоҳи равғанбарорӣ 1800 тонна пумбадонаро ташкил медиҳад.
Фаъолияти ҳамзамони корхонаҳои коркарди пахта ва равғанбарорӣ имкон фароҳам меорад, ки ашёи хоми воридшуда самаранок истифода гардида, аз он маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол карда шавад. Ин раванд ба рушди коркарди ашёи хоми ватанӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти коркардшуда мусоидат менамояд.
Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

