ГАНҶИ КАНГУРТ РӮИ ЧОП ОМАД

Миллати кӯҳанбунёди тоҷик вобаста ба шароити таърихӣ ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ худ аз замонҳои хеле қадим расму оин ва анъанаҳои неку писандидаро пайгирӣ карда, тӯли ҳазорсолаҳо онҳоро такмилу инкишоф додааст. Ин бахши мероси ниёгон имрӯз ба ҷузъи ҷудоинопазири фарҳанги миллии мо табдил ёфтаанд.

Бешубҳа ҳар халқу миллат таъриху адаб ва фарҳанги вижае дорад. Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик решаҳои бунёдӣ ва хеле қадимӣ дошта, сарчашмаи асосии таҳавуллу ташаккули адабиёти хаттист. Аз ин ҷост, ки манбаи асосии эҷодиёти шоирону нависандагони давраҳои қаблию кунунӣ ва сарчашмаи бардошту таассуроти онҳо зиндагӣ ва эҷодиёти шифоҳии халқ будааст. Расму ойин, анъанаву, маросим ва эҷодиёти шифоҳии мардумӣ тоҷик (фолклор) бо ҳамдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Якеро бидуни дигаре тасаввур кардан ғайримумкин аст. Чунки тамоми матнҳои илмӣ дар заминаи оинҳои этнографӣ иҷро мешаванд.

Барои ҳифзу ҷамъоварӣ намудани эҷодиёти шифоҳии мардум, ба монанди: рубоӣ, дубайтӣ, қисса, саргузашт ва дигар жанрҳои фолклорӣ, ки аз як насл ба насли дигар гузаштааст. Фолклоршиносон, этнографҳо, фарҳангшиносон ва дар маҷмӯъ аҳли илму адаб ҷадалҳои зиёде дошта, осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанду то ҳол низ ин амал идома пайдо карда истодааст. Баъди сипари шудани солҳои зиёд устодон ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба яке аз мавзеъҳои бостонии кишвар ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик сафар намуда, ду сол (2016, 2017) таҷрибаи фолклоршиносонро дар ин минтақа гузарониданд. Устодону донишҷӯёни факултет бо баҳрабардорӣ ва омӯзиши хоса аз таъриху фарҳанги мулки кӯҳанбунёди Кангурт ҷамъоварӣ эҷодиёти шифоҳии халқи ин мавзеъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Натиҷаи чунин ошнои пайдо кардану омӯзиши амиқи мероси халқ буда, ки дар таърихи ДМТ бори нахуст маводи дар ҷарани таҷрибаомӯзӣ ҷамъ оварда шуда, ба шакли китобӣ алоҳида ба таъ расид. Мураттибону муҳаррирон ба ин маҷмӯаи фолклорӣ “Ганҷи Кангурт” (мураттибон: М. Зайниддинов, Қ. Нурқаев, И. Бобомаллаев, муҳаррирон: профессорон А. Маҳмадаминов, Р. Раҳмонӣ ва мушовир: профессор А. Кӯчаров. Душанбе, нашриёти “Истеъдод” 215 с.) ном ниҳодаанд, ки қобили таваҷҷуҳ аст. Устодони кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ ният доранд, ки дар соли пешомада бо иловаи маводи дигари ҷамъомада “ Фолклори Канурт”‑ро мураттаб намоянд. Дар китоби “Ганҷи Кангурт” жанрҳои гуногуни фолклорӣ ба монанди рубоӣ, дубайтӣ, сурудҳои мардумӣ, марсияву навҳа, афсона, саргузашт, қисса, нақлу ривоят, ҷашну маросим, шугуну бовариҳои мардум, дуо, зарбулмасалу мақол, латифа, чистону тезгуяк ва муаммоҳо ҷой дода шудааст. Ҷолибии китоби мазкур аз он иборат мебошад, ки дар поёни ҳар як матни фолклорӣ исми донишҷӯе, ки матнро аз забони гуяндагон сабт намудааст дарҷ гардида, ҳамзамон номи гӯяндаҳо, синну сол ва вазифаи ҷамъиятӣ ва ё ба кадом шуғл машғул будан ё набуданашон зикр меёбад.

Аз ин рӯ, гирдоварӣ ва табъу нашри намунаҳои эҷодиёти халқ як мавзеи таърихиро ба монанди Кангурт ва бо номи “ Ганҷи Кангурт ” ба дасти хонанда расидани онро заҳмати шоиста ва бозёфте дар ин соҳа метавон муаррифӣ кард.

Умед аст, ки ин ибтикори наҷиб боиси ба вуҷуд омадани мавзӯъҳо фолклории манотиқи гуногуни Тоҷикистон мегардад. Баъди ин васила ганҷинаи адабиёти шифоҳӣ ҳифз шуда, маводи таваҷҷуҳу омӯзишҳои ҷудогона қарор мегирад.

Нуралӣ Каримов донишҷӯи курси 5‑уми факултети филологияи ДМТ

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11