БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Рӯзи 29 июни соли 2017, соати 900 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад:

1. Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 14 октябри соли 2010, №300 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2010, №269 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» дар шаҳру ноҳияҳои вилоят.

2. Ҳисоботи сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 1 декабри соли 2015, № 290 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2015, №647 «Дар бораи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои камзамин ва сераҳолии кӯҳистон ба водиҳои дорои заминҳои бекорхобидаи ҷумҳурӣ дар солҳои 2016-2018».

3. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои аграрӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, идораи замин, ҷангал ва ҳифзи муҳити зист.

4. Масъалаҳои ҷорӣ.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11