АЪЗОИ ФАЪОЛИ ҲНИТ БОЯД ДАР НАЗДИ МАРДУМ ҶАВОБ ДИҲАНД

22 ноябри соли 2017 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» суҳбати ихтисосии шореҳи масъалаҳои ҳуқуқии рӯзнома Додоҷон Рӯзиевро бо сарвари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Абдуғаффор Азизов таҳти унвони «Интерпол: аъзои фаъоли ТТЭ ҲНИТ дар кофтукованд» мутолиа карда, ба чунин қарор омадам, ки перомуни ин мавзӯъ андешаҳоямро баён намоям.

Роҳбари Бюрои миллии марказии Интерполи ВКД - и Ҷумҳурии Тоҷикистон арз менамояд, ки дар ҳолати имрӯза 2528 ҷинояткор ба махзани иттилоотии Котиботи генералии Интерпол ворид шуда, нисбат ба онҳо кофтукови байналмилалӣ эълон гардидааст. Ин ашхос барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, аз ҷумла одамкушӣ, роҳзанӣ, ғоратгарӣ, қаллобӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта ва дигар ҷиноятҳо мавриди пайгард қарор гирифтаанд. Тибқи омори дар ин мақола зикргардида, аз маҷмӯи умумии ҷиноятҳо 1873 нафарро аъзои гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ташкил медиҳанд, ки 35 нафарашон аъзои фаъоли ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ мебошанд.

Тавре аз нишондодҳо пайдост, яке аз мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, ки ҳеҷ як кишварро дар канор намегузорад, масъалаи терроризм ва экстремизм аст. Имрӯз терроризм дар шаклҳои гуногун ба кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунад. Новобаста аз радабандии давлатҳо, ки онҳо дар кадом сатҳи ҷаҳонӣ қарор доранд, аз хатари терроризму экстремизм дар амн нестанд. Ба таври дигар, терроризму экстремизм дар асри равон хусусияти фаромиллӣ касб карда, мубориза алайҳи ин зуҳурот метавонад танҳо дар шакли муташаккил ва ниҳодина байни давлатҳо сурат бигирад.

Вазъи имрӯзаи кишварҳои Шарқи Наздик, инчунин, таҳдиду хатарҳое, ки ҳатто дар кишварҳои Аврупою Осиё мавҷуданд, далели гуфтаҳои болост. Имрӯз ташкилотҳои террористию экстремистӣ махсусан бо истифодаи бовару эътиқодоти мардум дар шакли динӣ зуҳур ёфтаанд, ки аз ин роҳ гурӯҳҳои осебпазирро ба доми худ мекашанд. Чунин амал дар кишвари мо аз ҷониби Ташкилоти террористӣ - экстремистии ҲНИТ ба роҳ монда шуда буд. Ба гуфтаи роҳбари БММ Интерполи Вазорати корҳои дохилӣ, аз ҷониби аъзои ин ташкилоти террористӣ - экстремистӣ 1610 ҷиноят, аз қабили куштор, роҳзанӣ, зархаридӣ, таҷовуз ба номус, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, гаравгонгирӣ, одамрабоӣ, ғайриқонунӣ нигаҳ доштани аслиҳа, терроризм, бандитизм, ташкили иттиҳоди ҷиноятӣ, воҳидҳои мусаллаҳ, ғасб намудани ҳокимият, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани экстремизм, исёни мусаллаҳона мебошанд.

Бо ҳамаи ин ҷиноятҳои содиркардаашон Муҳиддин Кабирӣ ва баъзе аъзои ТЭТ ҲНИТ дар хориҷи кишвар паноҳ бурда, тавассути расонаҳои ифротӣ бадгӯӣ ва таҳқиру туҳматро дар ҳаққи мардум ва Ҳукумати мамлакат ба роҳ мондаанд. Ба тасдиқи роҳбари БММ Интерполи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳиддин Кабирӣ бо ҳаммаслаконаш дар пайгарди қонунии пулиси байналмилалӣ қарор доранд. Дар ин росто, бояд ҳама давлатҳои аъзои Интерпол аз рӯи стандарти ягона амал намуда, террористон ва ҷинояткоронро боздошт ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашанд. Зеро имрӯз терроризму экстремизми динӣ хусусияти ҷаҳонӣ касб кардааст ва шахсони ба ин гуна ҷиноят дастзада, ҳангоми дар озодӣ қарор доштан, метавонанд ба дилхоҳ кишвари ҷаҳон хатар эҷод кунанд. Инро даҳҳо ҳодисаҳое, ки солҳои охир дар кишварҳои Аврупо, Амрико ва Осиё сурат гирифтаанд, собит менамоянд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои ҷаҳонро зарур аст, ки барои ҳар чи муассиртар ба роҳ мондани мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткории сатҳи байналмилалӣ, махсусан мубориза алайҳи экстремизму терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва харидуфурӯши одамон аз рӯи стандарти ягона амал намоянд.

Аз мусоҳибаи чопшуда умедвор шудан мумкин аст, ки шахсони ҷиноятсодиркарда ва кишварро таркнамуда дер ё зуд дар назди миллату мардум ҷавоб хоҳанд гуфт. Махсусан, роҳбарони фирории ТТЭ ҲНИТ, ки бо ҷурми кӯшиши табаддулоти сиёсӣ ва терроризму экстремизм дар кофтукови байналмилалӣ қарор доранд, боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешаванд. Ин нафарон бо ҳама ҷиноятҳои содиркардаи хеш имрӯзҳо шарм надошта, тариқи расонаҳои ифротӣ худро бегуноҳу мазлум нишон медиҳанд. Вале аъмоли содирнамудаи онҳо, ки саросар ҷиноятист, бо ин бечоранолиҳо тағйир нахоҳад кард ва аз зеҳни мардум онро наметавон пок сохт.

 

Эҳсони ИЛҲОМ

Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” 04.12.2017, №: 247

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11