КИТОБХОНАИ ВИЛОЯТӢ ХИЗМАТРАСОНИИ САЙЁРРО БАРОҲ МОНДААСТ

Дар рӯзҳои гарми тобистон ва давраи таътили тобистонаи мактаббачагон ҷиҳати фарогирии наврасон ба хониш ташрифи онҳо ба китобхона, дар назди Китобхонаи бачагонаи вилоятӣ гурӯҳи хизматрасонии сайёри китобӣ ташкил карда шуд.

Дар гурӯҳ 10-нафар китобдорони ҷавони китобхона дар назди биноҳои бисерошёна, кӯдакистонҳо ва маҳалаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа бо наврасон ва падару модарон суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, баҳри баланд бардоштани ҳисси китобдӯстии наврасон ташвиқу тарғиби китобхонӣ ва осори ниёгон корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда истодаанд.

Давоми 6-моҳи соли равон хизмарасонии хуби китобдорон гувоҳи он аст, ки дар маҷмуъ ба 19091-нафар хонанда хизмати китоби расонидаанд, ки нисбат ба 6-моҳаи аввали соли 2016, 837-нафар хонанда ва истифодабаранда зиёд мебошад, иттилоъ доданд аз китобхонаи вилоятӣ.

Инчунин Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин давоми 6-моҳи соли равон теъдоди китобҳои электрониро аз 7000-нусха ба 11000- нусха расонидааст.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11