ИСТЕҲСОЛИ ОРД ДАР КИШВАР БЕШТАР ШУД

 Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба қадри 7,1 ҳазор тонна орд ба маблағи 1,6 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳазор тонна камтар аст.

Баргузории конфронси илмӣ- амалӣ дар Кӯлоб

 Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ  конфронси илмӣ- амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Нақши рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пешрафти иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон» баргузор гардид. Дар  рафти конфронс  беш аз 18 маърӯза  шунида   шуд.  Мавзӯъҳо  оиди рушди  ҳунарҳои  мардумӣ  ва  сайёҳӣ      дар ду бахш мавриди баррасӣ қарор гирифта  музокираҳо  шунида   шуданд.

Кӯлоб: Як рӯзи истироҳат дар боғи фарҳангӣ

 Тибқи нақшаи  чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳо чорабиниҳои фарҳангӣ доир карда мешавад.

14 медал дар як мусобиқа

 Варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар марҳилаи ниҳоии Спартакиадаи бозиҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба бокс, ки  дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд   баргузор гардид, фаъолона  иштирок намуда, сазовори  14 медал шуданд.

Чорабинии илмӣ фарҳангӣ таҳти унвони «Дар меҳмонии ҳунармандон»

 Дар санаи 10.04.2018 тибқи нақша- чорабиниҳои осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» бахшида ба эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» як гуруҳ ҷавонони фаъол, ҳунармандон ва иштирокчиёни чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Дар меҳмонии ҳунармандон» аз ҷамоати шаҳраки Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён, бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби бештари аҳолӣ аз ҷумла наврасону ҷавонон ба тамошои осорхона ташриф оварда

Pages

Subscribe to KHATLON RSS

Official sites

Рисунок1.png

We are in social networks

Contact us

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11