ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС ВА МУАРРИФИИ ЛОИҲАИ БУНЁДИ ФИЛИАЛИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

http://www.president.tj/node/33472

24 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара барои бунёди филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи бунёди иншооти сохташаванда, як бинои 9-ошёна, ду бинои 7-ошёна ва ду бинои 4-ошёна муаррифӣ карда шуд.

Зимни муаррифии лоиҳаи филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон иттилоъ дода шуд, ки бунёди иншоот талаботи замон мебошад.

Ин иншооти нави соҳаи маориф барои 3500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баробари ба истифода додани он дар марҳилаи аввал 400 нафар бо кор таъмин мегардад.

Намои берунаи иншоот бо тарҳи муосир оро дода мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, ҳамчунин филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара аз хобгоҳ, маҷлисгоҳ, китобхонаи илмӣ – электронӣ, озмоишгоҳҳо, марказҳо, парки технологӣ, толори варзишӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси лоиҳа дар хобгоҳи муассиса барои 2500 донишҷӯ шароити муосир фароҳам оварда мешавад.

Маҷмааи нави соҳаи илму маориф дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир бо истифода аз технологияи “сабз” сохта мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сохташаванда ва ҷалби коргарони маҳаллӣ дар раванди корҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Related Articles