ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МАҶМААИ ФАРҲАНГИИ «ОФТОБАК»

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР МАҶМААИ ФАРҲАНГИИ «ОФТОБАК»

Имрӯз, 21 феврал, зимни сафари кории раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Вахш дар Маҷмааи фарҳангии «Офтобак» дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.

Дар доираи ин иқдоми сабзкорӣ бо иштироки масъулони маҳаллӣ ва фаъолони ҷомеа ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинонида шуда, ба ободонӣ ва зебоии муҳити атроф заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Таъкид гардид, ки кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, саҳмгузорӣ дар ин раванд вазифаи ҳар як сокини кишвар мебошад.

Бояд зикр намуд, ки тибқи нақшаи Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон барои соли 2026 шинонидани 600 ҳазор бех дарахтони ороишӣ, сояафкан, ҳамешасабз ва мевадор, инчунин 9 миллиону 95 ҳазору 140 дона гулу гулбутта пешбинӣ гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо аз таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани фарҳанги шаҳрнишинӣ ва фароҳам овардани муҳити солим барои аҳолӣ дарак медиҳанд.

Иштироки раиси вилоят дар маъракаи ниҳолшинонӣ нишонаи дастгирии амалии сиёсати кабудизоркунӣ ва ташвиқи аҳолӣ ба корҳои ободониву созандагӣ арзёбӣ мегардад.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles