ҚАРОРИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ 21.06.2019, №178
Дар бораи тасдиқи “Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021”
Дар заминаи татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани «Солҳои 2019-2021, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо мақсади роҳандозӣ намудани тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ ва таҳкими ҳунармандӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди кори хоҷагӣ ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум мутобиқи моддаҳои 19, 20-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ва моддаи 25-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии хуқуқӣ” қарор мекунам:
1. Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021, Нақшаи чорабиниҳои он ва рӯйати таъсиси марказҳои омӯзиши чакандӯзӣ дар шаҳраку деҳотӣ шаҳру ноҳияҳои вилоят тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1,2,3).
2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда шаванд, ки бо ҷалби васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, маблағҳои қарзӣ, баҳри амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, шуъбаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобаста ба ташкили марказҳои чакандӯзӣ чораҳои дахлдор андешида, аз натиҷаи корҳо ҳар нимсола ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ахбороти хаттӣ пешниҳод намояд.
4. Раёсати рушди иқтисод ва савдо, шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бобати дар ҳисоботи оморӣ дарҷ гардидани нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
5. Раёсатҳои рушди иқтисод ва савдо, молия, маориф, кор бо занон ва оила, шуъбаҳои ташкилӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, рушди сайёҳӣ, энегетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар муддати кутоҳтарин ҷиҳати таъсиси Муассисаи давлатии “Мактаби эҳё ва рушди чакандӯзӣ, ҳунарҳои дигари мардумӣ дар вилоят” ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон таклиф пешниҳод намоянд.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зимаи муовини якуми раиси вилоят ва муовинони раиси вилоят вогузор карда шавад.
Раиси Қурбон Ҳакимзода
Замимаи 1
Ба қарори раиси вилояти Хатлон аз «21» 06. соли 2018, №178
Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021
Пешгуфтор
1. Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд — Барнома) бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба амалӣ намудани чораҳо дар доираи эълони солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, фароҳам овардани шароити мусоид барои тарғиби арзишҳои миллӣ, рушди маънавиёт, эҳёи мероси фарҳангии ғайримоддии миллӣ, боло бурдани худогоҳиву худшиносӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди иқтисодӣ, ҷалби занону духтарон ба корҳои хонагӣ ва таҳкими ҳунармандӣ таҳия гардида, самтҳои асосӣ, афзалиятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи амалҳоро дар давраи солҳои 2019-2021 дар бар мегирад.
2. Дар вилоят ҷиҳати рушди чакандӯзӣ як қатор чораҳо, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҶДММ “Чакан” ва гурӯҳҳои оилавии чакандӯзӣ ташкил карда шуда, маҳсули меҳнати онҳо дастраси хоҳишмандон гардида истодааст, ки дар ғанӣ гардидани буҷети оила ва рушди соҳаи чакандӯзӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард. Айни замон теъдоди ҳунармандони чакандӯзи вилоят 89 нафарро ташкил дода, дар як сол то 2670 адад куртаҳои чакан, 2803 тоқӣ, 3560 адад болишт ва дигар сӯзаниҳоро омода намуда, ба мизоҷон пешниҳод менамоянд. Мутаасифона дар сатҳи даркорӣ истифода нашудани чакан, дар вилоят рушди чакандӯзӣ, аз ҷумла бо тарроҳии муосир ва тариқи саноатӣ истеҳсол намудани он шароити мусоидро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, қабули Барномаи рушди чакандӯзӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019-2021 саривақтӣ мебошад.
3. Дар доираи Барнома аз ҳисоби афзоиши ҳаҷми чакандӯзӣ амалигардонии тадбирҳо баҳри ҷалби занони ҳунарманд ба омӯзиши ҷавондухтарон, таъсиси марказҳои чакандӯзӣ, бунёди корхона ва коргоҳҳои чакандӯзӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир пешбинӣ шудааст, ки дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди кори хонагӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва таъмини рушди армуғонсозӣ аз чакан мусоидат хоҳад кард.
Вазифаҳои Барнома
4. Вазифаҳои аввалиндараҷаи Барнома оид ба рушди чакандӯзӣ дар вилоят аз инҳо иборатанд:
— ташаккули механизми самараноки рушди чакандӯзӣ дар вилоят ва дастгирии афзоиши ин намуди маҳсулот;
— ташаккули стратегияи маркетингӣ оид ба таҳия ва рушди минбаъдаи маҳсулоти чаканӣ дар бозорҳои дохилӣ;
— ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти чакандӯзӣ ва истифодаи он бо тарроҳони сатҳи ҷумҳурӣ, дигар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар;
— ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди кори хонагӣ ва ба шуғли чакандӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон;
— рушд додани санъати чакандӯзӣ тавассути ташкили мактабҳои “Устоду шогирд”;
— роҳандозӣ намудани коргоҳҳои дӯзандагӣ дар заминаи духти чакан бо истифода аз технологияи муосир.
Самтҳои асосӣ ва механизми татбиқи Барнома
I. Таъмини фаъолияти ташкиливу истеҳсолӣ
5. Дар самти мазкур, андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:
— қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои ҳавасмандгардонии ҳунармандон барои рушди чакандӯзӣ дар вилоят;
— таъсиси Муассисаи давлатии «Мактаби эҳё ва рушди чакандӯзӣ, дигар ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят»;
— таъсиси марказҳои омӯзишии чакандӯзӣ дар марказҳои шаҳру ноҳия ва шаҳраку деҳот;
— ҷалби занони ҳунарманд ба омӯзиши ҷавондухтарон;
— таъсиси маҳфилҳо ва курсҳои наққошӣ (қаламзанӣ) барои чакандӯзӣ;
— ташкили истеҳсоли риштаи абрешим бо роҳи коркарди маҳсулоти пилла ва рангу бори он дар шаҳру ноҳияҳо бо истифода аз ашёи аввалияи табиӣ;
— таъсиси маҳфилҳои чакандӯзӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ;
— рушди кори хонагӣ тавассути ҷалби занони хонашин ба чакандӯзӣ;
— истифодаи чакан дар тарроҳии муосир;
— таъмини рушди армуғонсозӣ аз маҳсулоти чаканӣ;
— банақшагирии истеҳсоли маҳсулоти чаканӣ (тоқии чакан, курта, болишт, чодар ва ғ.).
II. Тарғиби чакан ва чакандӯзӣ
7. Барои ҳалли масъалаи мазкур бояд корҳои зерин анҷом дода шаванд:
— тарғиби чакан ҳамчун дастоварди мероси ғайримоддии фарҳангӣ;
— баргузор намудани Фестивал-озмуни вилоятии «Сад ранги чакан»;
— таҳияи Барномаҳои фарҳангӣ ва маърифатӣ дар бораи чакан дар телевизион ва радио;
— ташкили намоишгоҳҳои ҳунармандони чакандӯз;
— баргузор намудани озмуни вилоятии «Тарроҳон» ҷиҳати пешниҳод намудани маҳсулоти чаканӣ;
— нашри мақолаҳо оид ба таърихи пайдоиши чакан;
— таъсиси гӯшаҳои тарғиби чакан ва насби банерҳои тарғиботӣ оид ба чакан дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо ва шоҳроҳ;
— ҳамасола баргузор намудани озмуни вилоятии «Сад ранги чакан».
— дар иртибот бо дигар санадҳои меъёрӣ ташкил ва баргузории озмуни дигари ҳунарҳои мардумӣ марбут ба чакандӯзӣ.
III. Дастгирии чакандӯзӣ
8. Дар ин самт бояд корҳои зерин анҷом дода шаванд:
— дастгирии занони ҳунарманд тавассути грантҳои раиси вилоят;
— таъсиси грантҳои раисони шаҳру ноҳияҳо бо мақсади дастгирӣ ва рушди чакандӯзӣ;
— таҳияи лоиҳаҳо ҷиҳати дастрас намудани грантҳои Президентӣ бо мақсади рушди чакандӯзӣ;
— мусоидат ҷиҳати иштироки ҳунармандони чакандӯзи вилоят дар намоишгоҳҳои дохилию хориҷӣ;
— таъсиси мағозаҳои фурӯши маҳсулоти чаканӣ дар шаҳру ноҳияҳо.
IV. Маблғгузории Барнома
8. Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ғайри буҷетӣ, грантӣ ва сармоявӣ амалӣ карда мешавад.