ХАБАРҲОИ МУҲИМ

МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ВАЗИРИ САВДО ВА ИНТЕГРАТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН


Имрӯз, 15 май, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Шаккалиев Арман Абаевич – вазири савдо ва интегратсияи Ҷумҳурии Қазоқистон мулоқот намуданд.

Зимни вохӯрӣ Давлаталӣ Саид нахуст ҳайати меҳмононро ба вилояти Хатлон хайрамақдам гуфта, иброз доштанд, муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон сол то сол рушд ёфта истодааст, ки ин ба манфиати ҳар ду ҷониб мебошад.

Дар вохӯрӣ намояндагони доираҳои тиҷоративу сармоягузории Қазоқистон Турсимбоев Қайрат Батырханович – мушовири Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суюнчалиев Мухтар Галиевич – котиби якуми Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Осербай Женис Алибекович – директори генералии ҶСК «Маркази рушди сиёсати савдои «QazTrade» иштирок ва доир ба самтҳои афзалиятдори ҳамкорӣ сухан гуфтанд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба таври мисол ёдовар гардид, вилояти Хатлон яке аз минтақаҳои босуръат рушдёбандаи кишвар буда, дар он қариб чор миллион нафар аҳолӣ ба сар мебаранд. Вилоят ҳамеша бо маҳсулоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту меваҳо, харбузаву пиёз машҳур аст. Танҳо соли гузашта дар вилоят 410 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ истеҳсол гардид, ки қисми зиёди он ба бозорҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба Қазоқистон содир гардид.

Шаккалиев Арман Абаевич, вазири савдо ва интегратсияи Ҷумҳурии Қазоқистон низ зимни суҳбат иброз доштанд, ки ҳадафи мулоқоти мо низ маҳз содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон ва Ҷумҳурии Қазоқистон табодули андеша карда, барои зиёд намудани ҳаҷми содироти пиёз, маҳсулоти сабзавотию меваҷот ба Ҷумҳурии Қазоқистон ҳавасмандӣ нишон доданд.

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон

Related Articles