Аз 3 августи соли 2015 дар мансаби мудири шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон кор мекунад
Соли таваллуд: 24 марти соли 1975
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Нуробод
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ, соли 1996 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусравро (рӯзона), соли 2008 Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст
Ихтисос: омӯзгор, менеҷменти истеҳсолот
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: муҷаррад
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1990-1992- | Омӯзгори мактаби миёнаи №12, шаҳри Қӯрғонтеппа |
Солҳои 1992-1996- | Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав |
Солҳои 1996-2001- | Омӯзгори литсейи №1, шаҳри Қӯрғонтеппа |
Солҳои 2001-2002- | Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангии Ҳукумати вилояти Хатлон |
Солҳои 2002-2005- | Муовини раиси ноҳияи Нуробод |
Соли 2005(08-12)- | Мудири бахши муносибати байни миллатҳои шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2005-2006- | Муовини мудири шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2006-2008- | Сармутахассиси шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ, робита бо созмонҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳои дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2008-2010- | Мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2010-2011- | Мудири шуъбаи мактубҳо ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Солҳои 2011-2015- | Мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |
Аз августи соли 2015 то ҳоло- | Мудири шуъбаи умумӣ ва махсуси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон |