5 октябр дар доираи боздиди корӣ аз шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арёгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.
Бояд гуфт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақбараи ин шахсияти шинохтаи олами илму маърифат, ки дар кишварҳои ҷаҳон пайравону эътиқодмандони зиёд дорад, таъмиру таҷдид шуда, ба макони зиёрат ва тамошои сокинону меҳмонони хориҷӣ табдил ёфтааст.
Маҳз эътирофи мартабаи баробарию бародарии башарият, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифатнокии аҳолӣ, тарғиби фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ, инчунин хизмати ин олими барҷаста дар рушди забони тоҷикӣ ӯро машҳури ҷаҳон карда буд.
Зимни шиносоӣ бо вазъи оромгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Осорхонаи шаҳри Кӯлоб барои дар сатҳи зарурӣ истиқбол гирифтани меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.