Зиёда аз 3 ҳазор нафар ҷавонписарони минтақаи Кӯлоб аз ҷониби ҶСП «Пойгоҳи автоматикунонидаи Кӯлоб» соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ гардида, аксари онҳо барои хизмат ба Ватан ба қисмҳои ҳарбӣ бо касби ронанда равон гардиданд.

Ба иттилои Зафар Табаров, сарвари ҷамъияти мазкур, мактабҳои омӯзиши ронандагӣ дар ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Ҳамадонӣ, Шамсиддини Шоҳин, Фархор, Восеъ ва дигар ноҳияҳои минтақа, ҷамъан 26 муассисаи таълимии ронандатайёркунӣ, фаъолият намуда, ҷавононро ба омӯзиши ин касб ҷалб менамоянд. Дар ин пойгоҳ имтиҳонҳо ба таври автоматикӣ гузаронида шуда, дар бино 2 синфхонаи назариявӣ ва 1 синфхонаи амалӣ фаъоланд. Ин синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шуда, ба довталабони шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонанд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here