Имрӯзҳо, ки вабои фарогири короно на танҳо дар Тоҷикистони мо, балки дар тамоми ҷаҳон домангустарӣ дорад, ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК сарбаландона вазифаҳои касбии худро адо мекунанд.
Хабарнигорон низ дар ин шабу рӯз шомили гурӯҳҳои осебпазиранд.
Вақте мебинам, ки ҳамкасбон гоҳе аз дохили бемористонҳо гузориш медиҳанду гоҳе бо гирифторони ин беморӣ мусоҳиб мешаванд, ба шаҳру навоҳӣ сафарҳои хизматӣ анҷом медиҳанд, мекӯшанд ба ҳар васила аудиторияи худро бо иттилои сареъ таъмин намоянд, ифтихорам боло мегирад. Бовар кунед, имрӯзҳо нафареро барои интервю додан, мавзӯеро дар сатҳи маҳал пайгирӣ намудан кори саҳл нест.
Аз ин рӯ, барои дар шароити душвори кор аз рӯйи виждон, садоқатмандона иҷро намудани рисолати хабарнигорӣ месазад, ки ба тамоми кормандони васоити ахбори омма изҳори сипосу миннатдорӣ намоем.
Дастатон дард набинад, ҳампешаҳои арҷманд!
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон