То рӯзи 2 октябр пахтакорони вилояти Хатлон 165 ҳазору 541 тонна ҳосили «тиллои сафед»-ро ҷамъоварӣ кардаанд, ки ба 60,2 дарсади дурнамои солона баробар аст.

Дирӯз новобаста ба ҳавои номусоид кишоварзони шаҳру навоҳии пахтакор 5545 тонна пахтаро ғунучин намуда, ба хирман супурдаанд.

Рӯзи 1 октябр заркорони шаҳри Левакант аввалин шуда дар миқёси ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи дурнамои мавсим мужда доданд. Хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Левакант соли ҷорӣ дар майдони 1010 гектар кишти пахта гузаронида, то имрӯз ба ҷойи 2310 тоннаи дурнамо ба миқдори 2313 тонна ҳосил ғундоштаанд. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 22,9-сентнерӣ расонида шудааст.

Заррина Давлатзода, раиси шаҳри Левакант, гуфт, ки кишоварзони шаҳр иқдом доранд, ки ҳосили боқимондаро то охири мавсим ба пуррагӣ ҷамъоварӣ намоянд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҷиҳати қадрдонии меҳнати заркорони шаҳри Левакант имрӯз ба раиси ин шаҳр Заррина Давлатзода Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва 15 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ тақдим кард.

Бо ибтикори раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода то рӯзи 16 ноябр мусобиқаи меҳнатии 15-рӯза оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта идома намуда, ҳар ним моҳ ба се шаҳру ноҳияе, ки нишондиҳандаи баландро соҳиб мешаванд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ, 10 ҳазор ва 5 ҳазор сомонӣ тақдим хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки 19 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон хоҷагиҳои пахтакор дошта, кишоварзони вилоят ният доранд, ки дар ин мавсим 275,2 ҳазор тонна пахта рӯёнанд.

Деҳқонони вилояти Хатлон соли равон дар майдони зиёда аз 122 ҳазор гектар тухмии аълосифати навъҳои «Хатлон-2011», «Хатлон-2012», «Хатлон-2014», «Флеш», «Чинӣ», «Тоҷикистон», «Ориёӣ» ва ғайра кишт кардаанд, ки 70 дарсади дурнамои кишти имсолаи пахта дар ҷумҳуриро ташкил медиҳад.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

 

 

Шаҳру ноҳияҳо

Фоизи иҷро

Дар 1 рӯз

Аз аввали мавсим

1

Левакант

0,2

100,4

2

Бохтар

5,0

93,0

3

Шаҳритус

2,9

87,6

4

Дӯстӣ

2,5

72,7

5

Фархор

1,0

67,6

6

Хуросон

1,6

66,2

7

Данғара

6,0

65,0

8

Н. Хусрав

2,1

64,2

9

Восеъ

2,0

62,6

10

Ҷайҳун

2,3

62,2

11

Кӯшониён

2,0

62,1

12

Қубодиён

1,9

60,6

13

Ёвон

2,2

60,2

14

Ҳамадонӣ

1,4

59,0

15

Ҷ. Балхӣ

1,5

59,0

16

Панҷ

2,0

54,4

17

А. Ҷомӣ

1,5

50,4

18

Вахш

1,8

33,5

19

Кӯлоб

2,2

31,6

Дар вилоят

2,0

60,2

 

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here