Дар натиҷаи омадани сел дирӯз дар ноҳияи Хуросон як сокини маҳаллӣ ба ҳалокат расид. Ба хоҷагии халқ зарар расид, ки дар айни замон ҳаҷми он ҳисоб мешавад.
Қарибиҳои асри рӯзи 14 май дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Ҳилолӣ ва С.Айнии ноҳияи Хуросон бар асари боронҳои пуршиддат ва давомдор сел омада, ба як қатор хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон зарар расонидааст. Бар асари омадани сели азим як сокини 55-солаи Ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ, деҳаи Пахтаобод, ба ҳалокат расидааст.
Ба ҷойи ҳодиса фавран 15 нафар кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон сафарбар гардида, ба аҳолӣ ёрии амалии худро расонидаанд. Имрӯз 25 хизматчии ҳарбии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар маҳалли ҳодиса ба корҳои бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ машғуланд.
Айни ҳол таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Умед Зоҳирзода дар ҷойи ҳодиса Комиссияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон оид ба ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошта, миқдор ва маблағи зарар муайян карда шуда истодааст.
Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, ҳавои ноустувор дар саросари Тоҷикистон то рӯзи 19-уми май боқӣ мемонад. Дар натиҷаи гарм шудани дамои ҳаво ва бориши боронҳои пайваста барфи кӯҳҳо об мешаванд ва ин метавонад боиси ковокии хок гардад ва сабабгори рониши замин низ дар баъзе минтақаҳо шавад. Болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо метавонад сабабгори он гардад, ки заминҳои наздисоҳилӣ зери об монанд.
Ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки дар рӯзҳои сербориш аз сафарҳои безарурат худдорӣ намуда, корҳои саҳроро мутаваққиф кунанд, чорворо дар хона нигоҳ доранд.
Дар ҳоли ба миён омадани ҳолати фавқулода ва ё рӯйдоди нохуш бо телефонҳои қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар диҳанд:
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.