Дар Боғи фарҳангии ноҳияи Фархор Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони “Ҳунар беҳтар аз зар бувад” бо иштироки васеи ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳо бо пешкаши беҳтарин маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ аз қабили чубкорӣ, оҳангарӣ, кандакорӣ, қолинбофӣ, қуроқдӯзӣ, бофандагӣ, гӯлдӯзӣ, дӯзандагӣ, сӯзанидӯзӣ, заргарӣ, зардӯзӣ, адрасбофӣ, тарроҳӣ, ҷомадузӣ доир карда шуд.
Дар чорабинии мазкур аз тарафи Сардори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии вилояти Хатлон Навруззода Аслбӣ ба як қисм ҳунармандон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.