ПАЁМИ ТАБРИКИИ

раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода

ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамватанони азиз!

Боиси тазаккур аст, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои рушд ва таҳкими он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида шуда,  ҷиҳати пешбурди ин самти сиёсати миллӣ тамоми чораҳо андешида шуда истодааст.

Осори арзишманди гузаштагонамон бо чандин анвои хат ба хубӣ собит намуданд, ки дар тӯли таърихи дурударози халқамон забони мо дар ҳастӣ ва шинохти миллати фарҳангдӯст ва тамаддунсозамон нақши сарнавиштсоз доштааст, ки мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯйи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем, чунки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихору хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд.

Мо бояд донистани забони миллиро далели эҳтиром ба миллат, арзишҳои миллӣ ва таърихию фарҳангии хеш дониста, дар баробари Модар ва Ватан яке аз муқаддасоти олӣ эътироф намуда, ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати соҳибтамаддуни хеш дар зеҳни наслҳо парвариш намоем.

Дар ин раванд мову Шуморо зарур аст, ки барои ғановати забони миллии хеш аз осори гузашта ва муосир дуруст истифода намуда, забони тавоно ва шеворо дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши равобити миллатҳо ва тамаддунҳо тавонотару шевотар гардонем ва онро барои наслҳои оянда бо ҳама зебоиву тавоноияш ба мерос гузорем.

Агар ба таърихи гузаштаи халқҳо назар андозем, мардумоне, ки аз худ осор ва тамаддун ба мерос гузоштаанд кам нестанд, вале бештари ин мардумони соҳибтамаддун ва соҳибдавлат бо иллати аз даст додани рӯҳи миллӣ, яъне забони модарӣ бо номи қавму миллати хеш вуҷуд надошта, аз саҳифаи таърих хориҷ шудаанд. Яъне, бе рушди забони давлатӣ, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, соҳибдавлат будан мумкин набуда, ҳар як давлат дар дифои арзишҳои миллӣ, бахусус забон бояд масъулияти волои таърихӣ дошта бошад.

 Аз ин рӯ риояи меъёрҳои забони адабӣ пеш аз ҳама масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, васоити ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад.

Мо имрӯз забонеро ба мерос дорем, ки ба он ҳанӯз аз оғози даврони исломӣ тарҷумаҳо ва тафсирҳои китоби муқаддаси Қуръон анҷом дода шуда, ҳатто куҳнатарин тарҷумаи Қуръон, ки дастнависи он бо номи Қуръони Қудс маъруф аст, дар асри VIII бо яке аз лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ навишта шудааст. Инчунин, яке аз аввалин тафсирҳои Қуръони маҷид «Тафсири Табарӣ» мебошад, ки бо забони тоҷикӣ тарҷума гардидааст.

Дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, забони тоҷикӣ тавоноии хешро дар риштаҳои гуногуни илмии он замон, бахусус дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Абурайҳони Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва дигар чеҳраҳои шинохтаи илму адаб, дар таърихи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, кимиё, табиатшиносӣ ва фалсафа ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш буда, забонеро, ки гузаштагони мо ба ин шевоӣ ва ғановат ба мерос гузоштаанд, ҳамчун муқаддасоти миллӣ ҳифз намояд.

Бояд қайд кард, ки донистани забони давлатӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, хусусан русию англисӣ талаботи замон ба ҳисоб рафта, воқеияти сиёсию фарҳангӣ дорад ва дар шароити имрӯзаи тараққиёти илму техника ва кишварҳои дунё зарур мебошад.

Бинобар ин насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш намуда, забонҳои дигари хориҷиро хуб аз худ намоянд.

Агар ҳар як фарди миллат маъсулиятшиносӣ ва ҳисси эҳтиром нисбат ба халқи худ, миллати худ ва забони модарии худ дошта бошад, бо саъю кӯшиши зиёд дар амалӣ гаштан ва риояи пурраи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳиссагузорӣ карда метавонад.

Мо насли имрӯза ва оянда ҳақ надорем, ки забони модариамонро хору зор намоем, чунки ин поя ва рукни муҳими давлату миллат ҳамеша зарурат ба нигоҳубин ва ғамхорӣ дорад. 

Бигузор забони тоҷикӣ ҳамчун яке аз рукнҳои асосии ҳастии миллат, нишони давлату давлатдории миллӣ ва чун рамзи ҳамбастагӣ ва иттиҳоди воқеии ҳама сокинони Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамеша устувору поянда бошад.

Шумо сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори ин рӯзи фархунда — бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, ба ҳар як фарди соҳибзабону ватандӯсти кишвари соҳибистиқлоламон сиҳатмандӣ ва пирӯзӣ орзу менамоям.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here