Паёми табрикии
раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода
ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Забон муҳимтарин рукни ҳастии миллат маҳсуб гардида, асоси хештаншиносӣ, падидаи фарҳанги миллӣ, восилаи устуворгардонии ҳофизаи маънавӣ ва унсури таконбахши таъриху фарҳанг ва анъанаю суннатҳои халқ мебошад.
Забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз ҳазорсолаи халқи тоҷик аст. Забони модарӣ дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо бо аҷнабиён ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик буд. Дар забони модарӣ ҳофизаи халқ, ҷаҳони маънавӣ, меъёрҳои ахлоқии халқи тоҷик нигоҳ дошта шудааст.
Аз ин ҷост, ки мардуми тоҷик забонро мисли истиқлолият, Ватан, модар ва фарҳанг аз ҷумлаи муқаддасоти миллии худ мешуморанд ва онро азизу гиромӣ медонанд.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, “танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад”.
Мо аз саҳифаҳои таърих медонем, ки дар гузашта, аз ҷумла дар ибтидои асри ХХ доираҳои миллатгарое буданд, ки мавҷудияти халқи тоҷик, асолати фарҳангию ҳастии таърихии миллати тоҷик, забону адабиёти моро инкор менамуданд. Тағйири алифбо, даъватҳо ба “омигардонии забон”, таъқибу фишорҳои нажодпарастона, албатта, ба дараҷаи саводнокии мардум беасар намонда буд. Ба ақидаи муҳаққиқон, матбуоту нашриёт, ҳатто адабиёти бадеӣ (ба ҷуз осори устод Айнӣ, устод Лоҳутӣ ва чанде дигар) дар тӯли солҳои бисту сӣ андак-андак аз форсии тоҷикии фасеҳ ва андӯхтаҳои ҳазорсолаи он дурӣ ҷуста, ба дарди пастфарҳангӣ, камсаводӣ, беқоидагӣ ва бенизомӣ гирифтор омад, дар муборизаи ду гунаи забони миллӣ — гунаи адабӣ ва гунаи мардумӣ — оқибат забони омиёна пирӯз ва забони адабии ҳазорсола мағлуб шуд.
Аммо ғурури миллӣ, кӯшиш барои бақои забон чеҳраҳои мондагори миллатро ба мисли устод Садриддин Айнӣ барои ҳимоят аз мероси гаронмояи миллати тоҷик, забону фарҳанги мо бо далелу бурҳон таҳрик дод.
Хушбахтона, 29 сол қабл Тоҷикистони маҳбуби мо истиқлолияти давлатиро ба даст овард. Дар давраи соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати кишвар қарор дошта, барои рушд ва устувории он дар умури сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии кишвар пайваста тадбирҳои муассир андешида мешаванд.
Мо забони давлатиро ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии давлат ва соҳибтамаддунии миллат пазируфта, онро дар баробари модар ва Ватан яке аз муқаддасоти олӣ эътироф мекунем ва ин андешаро бо як ифтихори бузург аз миллати фарҳангии хеш дар зеҳни наслҳо бояд парвариш намоем. Зеро забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ғанисозии забони адабии тоҷикӣ заминаҳои воқеӣ ва ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Як қатор санадҳо қабул ва барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардиданд, ки ба пешрафти забони давлатӣ нигаронида шудаанд. Ба хотири бузургдошти ин рукни муҳимми давлатдориамон бо ташаббуси Роҳбари давлат дар қонунгузорӣ тағйирот ворид карда шуда, ҳамасола 5 октябр Рӯзи забонро бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоем ва чорабиниҳои зиёди илмию оммавӣ баргузор мекунем.
Бояд қайд кард, ки донистани забони давлатӣ далели эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш буда, омӯзиши забонҳои дигари хориҷӣ, хусусан русию англисӣ, талаботи замон ба ҳисоб меравад ва дар шароити имрӯзаи тараққиёти илму техника зарур мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро шиносномаи миллати азиз, рӯҳи поки гузаштагон ва оинаи осори ниёкон номида, доимо бо ҳисси баланди ватандӯстӣ аз минбарҳои баланд бо ин забони шевои шоирона сухан мегӯянд.
Итминони комил дорам, ки ҳар як шаҳрванди баору номуси Тоҷикистон низ, дар пайравӣ ба Пешвои маҳбуби миллат, ҳастии худро бо ҳастии забон пайванд дониста, ба ин гавҳари ноёб ва дурри ҷаҳонтоб сидқан арҷ мегузорад. Ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ мебошанд. Бинобар ин, моро мебояд, ки барои ҳифзи асолати забон ва ғановати он саҳмгузор бошем.
Бо ҳамин нияти нек, тамоми сокинони шарафманди вилояти Хатлонро ба ифтихори ин рӯзи фархунда — бузургдошти Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди соҳибзабону ватандӯсти мамлакати соҳибистиқлоламон сиҳатмандӣ ва пирӯзӣ орзу менамоям.