Имрӯз дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рузӣ Забон дар толорҳои хониши оммавию бачагонаи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар мавзӯҳои «Забони мо ҷаҳони мо», «Забонро эҳтиром бояд кард», «Забони миллат ифтихори миллат», «Забон ифодагари ҳастии миллат» аз ҷониби шуъбаҳои намоиши китоб ва методӣ намоишҳои китобию матбуоти ба хонанда ташкил ва пешниҳод гардонида шуд.
Бояд қайд кард, ки ҷашни «Рӯзи Забон» бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаи ногузаштанӣ дорад. Зеро забони тоҷикӣ дар ду давра дар аҳди Сомониён ва Истиқлолияти Тоҷикистон ба маснади давлатӣ нишаст. Бо шарофати Истиқлолияти миллӣ, ваҳдати комил ба рукнҳои асосии давлатдории миллиамон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад. Ин аст, ки ҳамчун омили муҳими худшиносии миллӣ имрӯз «Рӯзи Забон» дар сар то сари кишвари азизамон дар сатҳи баланди ватандӯстию ватанпарварӣ таҷлил мегардад.
Оре, ҳастии ҳар як халқу миллат ба забони ӯ марбут аст. Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон вазифадор аст, ки забони модарии хешро гиромӣ дошта, дигаронро низ баҳри фарогирии он талқин намояд. Татбиқи ҳамаҷонибаи Қонуни забон дар ҳаёт ба нангу номуси ҳар яки мо вобаста аст. Ҳифзи ин сарвати беназири миллат барои донистани дигар забонҳо ҳамаҷониба мусоидат мекунад.
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Хонандаю истифодабарандаи китобхона метавонад аз намоишҳои китоби барои худ аз ашъори бузургонамон дар ситоиши забони тоҷики иқтибосҳои шеъри низ дастрас намоянд.