Ситоди вилоятӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 ҷиҳати вусъат бахшидани корҳои безараргардонӣ ва оммафаҳмонӣ, инчунин тавассути пурзӯр намудани маъракаи безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бинои ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо сарфи назар аз шакли моликият (бо истифода аз техникаву технологияи мавҷуда), бозору нуқтаҳои савдо, нақлиёти мусофиркаш, кӯчаю боғу гулгаштҳо ва дигар ҷойҳои гардиши оммаи шаҳрвандон, тозаю озода нигоҳ доштани манзили зисту коргоҳҳо, таъмини роҳрави безараргардонӣ (дизбарйер) ва маводҳои антисептикӣ андешидани чораҳои бетаъхирро ба масъулони ситодҳои шаҳрию ноҳиявӣ дастур додааст.
(Гузориш оид ба раванди корҳои безараргардонӣ дар кӯчаву хиёбонҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар)

(Гузориш оид ба ҷараёни корҳои дезинфексионӣ дар бозори марказии шаҳри Бохтар — ҶДММ «Фаровон-Қӯрғонтеппа»)

Гузориши телевизионӣ оид ба безараргардонии кӯчаву маҳалҳои зист ва тақсими беш аз ду ҳазор адад ниқоби муҳофизатии тиббӣ ба сокинони шаҳри Бохтар аз ҷониби шуъбаи ВКД дар шаҳри Бохтар

Ба маъракаи безараргардонӣ на фақат Раёсати безараргардонии вилоят ва мутахассисони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳо, балки неруҳои раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилоят, Раёсати ВКД дар вилоят, Хадамоти оташнишонӣ, БДА, ихтиёриёни Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, ҲХДТ ва ниҳодҳои дигар ҷалб гардидаанд.
Шуъбаи иттилоотию таҳлилии
дастгоҳи раиси вилояти Хатлон