Кишоварзони вилояти Хатлон дар майдони 19210 гектар кишти барвақтӣ ва тирамоҳии зироатро анҷом доданд, ки беш аз 20 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар кишти тирамоҳӣ ғалладона, сабзавот ва дигар навъи зироат корида мешавад, ки масоҳати умумии он дар миқёси вилоят 118277 гектар муайян шудааст.
Тибқи омори расмӣ, то ба 1 октябри соли равон кишоварзон дар майдони 426 ҳазору 318 гектар зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 188 ҳазору 273 гектар ғалладонагиҳо, 135323 гектар зироатҳои техникӣ (аз ҷумла 124175 гектар пахта), 36525 гектар сабзавот, полезӣ 15455 ва 40361 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4481 гектар зиёд мебошад.
Гузориши ТВ «Тоҷикистон» дар ин хусус: