Вобаста ба гармии ҳаво дар моҳи июл барои пешгирии хушкшавии ниҳолу дарахтон, гулу гулбуттаҳо дар шаҳр нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, муовинони раиси шаҳр, сардорони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо барои обмонӣ ва нигоҳубини дарахтону гулҳо дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр вобаста гардиданд.

 Тибқи нақшаи мазкур ҳар рӯз ниҳолу дарахтон обёрӣ карда шуда истодаанд. Ҳамзамон роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони кумитаҳои маҳаллии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр вазифадор карда шудаанд, ки корҳои ободониро вусъат бахшанд. Корҳо дар ин самт муташаккилона идома доранд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here