Дар солҳои навадум Ҷамоати деҳоти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии ноҳияи Восеъ, аз нигоҳи экологӣ яке аз мавзеъҳои осебпазир мансуб меёфт. Бо миллати дар ин солҳо ду маротиба ҷараёни худро иваз кардани дарёи Яхсӯ, садҳо хонаҳои бошандагони он ва иншоотҳои зиёди хизматрасон ба коми дарёи мазкур рафтанд. Хушбахтона ин ҷамоати деҳоти сахт офатзада, тавассути дастгириҳои Ҳукумати кишвар, ба хусус фарзандони ба ору номуси он тамоми мушкилотҳои хешро рафъ карда, имрӯз маркази он ба шаҳраки зебои замонавӣ табдил ёфтааст. Дар ободу зебо гардидани маҳаллаҳои он, худи сокинон низ пайваста саҳм мегузоранд. Онҳо бо ташаббуси хеш, даҳҳо амалҳои хайрро ба анҷом расониданд. Чунончӣ ҳафтаи гузашта сокинони деҳаи Ғофилободи ҷамоати мазкур, бо истифода аз усули ҳашар, бинои хуштарҳи нуқтаи тиббиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ёдрас мешавем, ки солҳо нуқтаи тиббии ин деҳа, дар як вагони  кӯҳна қарор дошт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here