Солҳои охир бо васеъ гардидани майдонҳои кишти полезиҳои зериплёнкагӣ, воридоти ин маҳсулоти ниёзи мардум ба бозорҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб  хеле коҳиш ёфт. Имсол деҳқонони минтақа майдони умумии кишти полезиҳоро ба 2785 гектар расониданд, ки ин рақам дар нисбати солҳои пешин зиёд аст. Ноҳияҳои Фархору Данғара аз ҷумлаи ноҳияҳоеанд, ки аз ҳам беш, яъне ба андозаи беш аз 600 гектарӣ кишти маҳсулотҳои полезӣ гузаронидаанд. Айни ҳол маъракаи ҷамъоварии ҳосили полезиҳо дар ноҳияҳои Фархору Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба таври муташаккилона оғоз ёфта,  маҳсулоти ҷамъовардашуда ба бозорҳои минтақа ва берун аз он  дар ҳоли интиқолёбист.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here