Мо аҳли фарҳанги вилояти Хатлон вилояти Хатлон аз расонаҳо огоҳ шудем,ки чор созмони ба қавле оппозитсионӣ –ҳизби террористии наҳзати ислом ва се ташкилот чун Ҷунбиши ислоҳот ва рушд, Анҷумани озодандешони тоҷик ва анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шармандавор байни худ «Созишнома» имзо кардаанд ва иттиҳоде бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис додаанд.
Воқеан шармандагист, ки ин паймонро «миллӣ» унвон кардан, зеро наҳзатиёни хиёнатпеша, Муҳиддин Кабири, Алим Шерзамонов, Шарофудин Гадоев ва Илҳом Ёқубов, аллакай лаънатзадаи миллат ном гирифтаанд
Ин бадхоҳону ақл гумкардагон бозичаи дасти бегонагон гаштаанд ва ин саҳнаи навбатиро ба онҳо хоҷагони хориҷиашон таҳия намудаанд. Мақсади ягонаашон бошад ноором кардани фазои сиёсии Тоҷикистон. Аммо ин бадхоҳон ҳеҷ гоҳ наметавонанд ба он мақсадҳои нопокашон дигарбора расанд
Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои олам робитаҳои дӯстона барқарор намуда, муносибатҳои худро вусъату густариш дод. Чунки мо тоҷикон ҳамеша дар ҷустуҷӯи дӯстон ҳастем, табиатан мардуми мо кӯшиш мекунанд, ки ҳатто бо рақибони худ бо меҳру муҳаббат, садоқату лабханд муносибат дошта бошанд. Аз ҷумла, байни Тоҷикистону Эрон муносибатҳо хеле боэҳтиромона ва барои ҳарду кишвар судманд ҷараён доштанд ва мо ҳамеша мегӯем, ки як сарзамини таърихӣ ва фарҳанги муштарак дорем. Илова бар ин, дар гузашта ва имрӯз мо бо нобиғаҳои ин кишвар амсоли Ғазолию Фирдавсӣ, Саъдию Ҳофиз ифтихор дорем ва ин бузургворонро аҷдоди умумии хеш мепиндорем. Пешрафти дӯстро пешрафти хеш донистан ва дар рафъи мушкили дӯст саҳм гирифтан ойини деринаи тамаддуни форсии тоҷикист. Аммо мушкил ин аст, ки дар ин дунёи ҳар замон тағйирёбанда ва хеле ҳассос баъзан дӯстон фаъолиятҳое зоҳир мекунанд, ки ҳатто душманони умумиро ба ҳайрат мегузоранд. Дӯстӣ якрӯӣ ва поктинатиро мепазирад ва дар муқобилаш мунофиқӣ ва дурӯӣ қарор дорад, ҳамон гунае, ки бад дар муқобили нек ва зулмот дар муқобили рӯшноист.
Имрӯз боз ҲНИ ба ҳаракатҳои гуногун шурӯъ карда истодааст. Даври конфронси САҲА дар Варшава боз ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ки ба шармандаги рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ҳар кас ки ба хиёнат даст зад, зарари он хатман ба мардуми бечора , ба насли навраси даврони истиқлол хохад расид ва дар охир боз ба мақсадҳои хеш нарасида ҷазо хоҳанд дид. Нишасте,ки бахшида ба ҳуқуқи инсон дар Варшава баргузор мегардад ҳайате,ки Тоҷикистон ба ин нишаст фиристод ба роҳбарони ТТЭ ҲНИ маъқул наафод, чунки онҳо боз ҳис карданд, ки ҳамаи қирдорҳои бади онҳо фош хоҳанд шуд.
Аз ин хотир ҳолати бавуҷудомада боиси ташвиши наҳзатиён шуду мақсад доранд, ки сафи худро дар ин нишаст аз ҳисоби онҳое, пур мекунанд, ки дар давлатҳои хориҷа ҳамчун муҳоҷири меҳнати барои мардикори рафтаанд. Ҳамаи мову шумо медонем,ки қисми зиёди занону ҷавонони мо аз ҳисоби паст будани сатҳи зиндаги ва маоши кам дар хориҷи кишвар барои ду тангаи начиз фирефтаи ин ҳизбу ҳаракатҳои экстримисти хоҳанд шуд. Аввал андеша накарда барои зиндагиамон хуб шавад гуфта ба ин гурӯҳо шомил мешаванд намедонанд, ки хаети худу хешовандонашонро дар хатари азиме мегузоранд.
Инро бояд дар назар дошта бошем, ки ТТЭ ҲНИ тавонмандии сиёсї надорад, ин ташкилот аслан ташкилоти сиёсї набуда,чун як ташкилоти террористиву экстремистї эътироф шудааст.
Аз ин хотир онҳое, ки тасмим доранд дар нишасти Варшава ҳамнишини ТТЭ ҲНИ бошад пеш аз ҳамкориҳои худро бо онҳо оѓоз мекунанд ояндаи худ ва нафароне, ки ба чунин корҳо даст зада буданд бо фарзандон , падару модар хешу ақрабояшон чи ҳодисаҳо рӯй дода буд баъдан хулосаҳои худашонро бароранд.