Рӯзи 16-уми марти соли 2021 вохӯрии намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Фируза Шарифӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Искандар Солеҳзода, бо иштироки васеи ҷавонони фаъол ва варзишгарон, муррабиёни мактабҳои варзишӣ ва кормандони Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят дар толори Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар, баргузор гардид.

Вохӯрии мазкур асосан дар самти тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояткорию қонуншиканиҳо, оворагардию кирдорҳои зиддиахлоқӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ба роҳ монда шуд.
Нахуст, муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ дар хусуси нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу осоиштагӣ, озодии мардуми сарбаланди тоҷик, рушду пешрафти мамлакат ёдовар гардида, қайд намуд, ки ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллат мебошанд.
Сипас, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия И. Солеҳзода иброз дошт, ки дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавонон, пешгирии ҳолатҳои номатлуб, шомилшавӣ ба равияҳои экстремистӣ, инчунин пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мунтазам чорабиниҳоро амалӣ менамоянд ва ҳамаи талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат маҳз барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, хоса наслҳои имрӯзу фардо равона шуда, ҷавононро мебояд, ки баҳри осоиштагиву сарсабзии кишвари азизамон нақши арзанда гузоранд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода доир ба нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон суханронӣ намуда, инчунин изҳор дошт, ки ҷавонону наврасони тоҷикро зарур аст, бо истифодаи зиракии сиёсӣ кӯшиш кунанд, ки ба фанду фиреби ашхоси бегона, хусусан аъзоёни ташкилотҳои ифротӣ дода нашаванд. Дар қалби хеш ҳамеша садоқати ватандориро зинда нигоҳ дошта, дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми сазовори худро гузоранд.

Дар хотимаи чорабинӣ ба як катор варзишгарон ва ҷавонони фаъол аз ҷониби роҳбарияти РВКД дар вилояти Хатлон, Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.