Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир бо ҳамроҳии ҳамроҳонаш ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, ҳайати меҳмононро дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муовини раиси вилоят Қурбонзода Амирхон ва раиси ноҳияи мазкур Гулзода Зафар ҳамроҳӣ намуданд.
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зокирзода Маҳмадтоҳир, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод №69 Абдуллоев Меҳроҷ ва муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон бо аҳли ҷамоатчигӣ ва мадании ноҳия баргузор гардид.
Вохӯриро раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар ҳусни оғоз бахшидаанд.
Баъдан Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир дар бораи вазъи солҳои навдуми асри бист дар кишвар истода қайд намуд, ки солҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварро бесару сомонӣ фаро гирифт. Ҳизбу ҳаракатҳое арзи ҳастӣ карданд, ки аз ҷиҳати сиёсӣ нопухта, таҷрибаи ноқисдошта ва бо доштани ғаразҳои сиёсӣ Тоҷикистонро ба гирдоби кашмакашиҳои сиёсӣ оварда расониданд. Роҳбарони вақт вазъро идора карда натавонистанд. Ва оғоз гардид дар кишвар ҷанги таҳмилии бародоркуш. Дар ин айёми риққатбор бо саъю талоши бархе аз вакилони ватанхоҳу ватандӯст дар Кохи Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд 16 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ва ҷавони ватандору ватандӯст, марди саропо хирад муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Аввалин сухане, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбар гуфтанд: «Ман ба шумо сулҳ меорам» буд. Гурӯҳҳои ваколатдори ҳар ду тараф баъди гуфтушуниди зиёда аз се солу се моҳу се рӯза ба мувофиқа расиданд. Ва 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Россия Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид. Тайи 25 сол боз мардуми Тоҷикистони азиз дар сулҳу осоиштагӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ва ободкорию ободсозӣ ба сар мебаранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир дар идомаи суханронии хеш дар бораи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳо ба он истода гузашт. Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар мақомоти олии қонунбарор – Маҷлиси Олӣ иборат аз ду палата: Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҳамчун Маҷлиси доимамалкунанда баҳри қабули қонунҳо, кодексҳо ва қонунҳои конститутсионӣ нақши бориз гузошта истодааст.
Дар интиҳои суханронӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи буҳронии имрӯзаи ҷаҳонӣ, норсоии ва камчинии маводи озуқа андеша ронд. Таъкид дошт, ки ҳар як шахс бояд аз замини назди ҳавлигӣ самаранок истифода барад. Захираи дусолаи маводи хӯрокаро барои эхтиёҷоти аҳли оила таъмин намуда, бозори истеъмолиро фаровон бисозад. Дар ин ҷаҳони пуртазод зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Фирефтаи андешаю афкори ватангумкардагону нохалафон нагардем ва баҳри ободии кишвар заҳмати софдилона намоем.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоҳир зимни сафари корияш дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз хонадони Шарифов Шараф аз истифодаи замини наздиҳавлигии ӯ,