Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  суҳбату вохӯриҳо доир карда шуд.

  Дар шаҳри Левакант, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва маъмурияти муассиса суҳбату вохӯрӣ баргузор шуд. Дар вохӯрии мазкур намояндаи Раёсат, мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳр, намоянда аз КТҲХДТ дар шаҳр ҳузур дошта, оид ба масъалаҳои доғи рӯз, аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ ва фаҳмонидани оқибатҳои нохуши бемории ВНМО, паст кардани сатҳи ҷинояткори миёни ҷавонон баромад ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, суҳбати ошкор миёни намояндагон ва хонандагон сурат гирифт.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here