Қоидаҳои пеш аз сафари муҳоҷират, чӣ гуна дар хориҷ пайдо намудани ҷои корӣ муносиб, дар ҳолати пеш омадани мушкилот ба куҷо муроҷиат кардан, аз масъалаҳое буданд, ки зимни вохурии роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар ва Левакант бо шаҳрвандон мавриди баҳс қарор гирифт.

Роҳбарияти Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Хадамот ва раиси вилояти Хатлон мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сӯҳбату вохӯриҳо мегузаронад.

Чуноне сардори Раёсати номбурда Маҳмудҷон Хоркашев зимни суханрониаш дар шаҳри Левакант иброз дошт, мақсад аз гузаронидани ин вохӯрию сӯҳбатҳо омода намудани муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои эксремистию террористӣ ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ мебошад.

М.Хоркашев дар идомаи сӯҳбаташ қайд кард, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон муҳоҷирати меҳнатӣ як амали маъмул шудааст. Натанҳо шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла Тоҷикистон ба муҳоҷират мераванд, балки аз кишварҳои абарқудрат низ сокинонашон ба кишварҳои дигар баҳри дарёфти кори муносиб мераванд.

Хушбахтона бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ корхонаву коргоҳҳои зиёде ба кор андохта шудаистодаанд. Аз инҷост, ки раванди муҳоҷират сол то сол коҳиш ёфта истодааст.

Муҳоҷират агар аз як тараф ба иқтисодиёти кишварҳо таъсисри мусбат расонад аз тарафи дигар ба худи муҳоҷирон низ таъсири хуб мерасонад. Муҳоҷирон малкаи кории худро такмил медиҳанд, касбҳои гуногунро меомӯзанд ва дар баробари ин забонро меомӯзанд.

Ҳамаи ин хубаст, вале дар баробари ин боз мушкили низ ҷой дорад. Яке аз ин мушкилиҳо ин фирефтаи гурӯҳҳои терористию экстеремисти шудани ҷавонони мо дар муҳоҷират мебоад. Баъзе аз ҷавонон, ки саводи кофи надоранд ба суханони по дар ҳавои гурӯҳҳои ҷиноӣ дода шуда, ба кишварҳои ҷангзада рафтаву ҷони худро аз даст додаанд. Ва ё худро бандии гурӯҳҳои ҷангҷу кардаанд. Бо ин рафтори худ ҳам номи миллатро паст задаву ҳам оилаҳои худро гирифтори ғаму андуҳ кардаанд. Аз ин хотир ҳар яки мо пеш аз он ки фарзандон ва наздикони худро ба муҳоҷирати меҳнати гусел мекунем, бояд онҳоро омода кунем. Ҷавонон бояд моҳияти қонунгузории кишвар ва кишварҳои қабулкунандаро ба хуби дарк кунанд. Вақте аз қонунгузории кишвари худ ва қонунҳои кишвар и қабулкунанда огаҳӣ дошта бошем, имкони зиёдтаре барои ҳимояи ҳуқуқҳоямон пайдо мешавад, — гуфт Маҳмудҷон Хоркашов.

Дар баробари ин бояд шаҳрвандони мо ҳангоми дар муҳоҷират буданашон саломатии худро низ эҳтиёт кунанд. Зеро имрӯз баъзе бемориҳои сироятиест, ки дар сурати гирифторшави дигар имкони табобаташ вуҷуд надорад. Яке аз ин бемориҳо ин бемории ВНМО (норасоии масъунияти одам) мебошад. Аслан ин бемори ҳангоми риъоя накардани ҳаёти тарзи солим сироят ба шахс мегузарад. Хуб мебуд дар ин самт бо фарзандону наздикон сӯҳбат кард ва онҳоро ба тарзи ҳаёти солим ташвиқ кард.

Дар рафти ин ду вохӯрӣ сокинони шаҳри Левакант ва Бохтар вобаста ба раванди муҳоҷират ва мушкили воридшавиашон ба қаламрави Руссия суолгузорӣ карданд.

Маҳмудҷон Хоркшов зимни посух ба суолҳои шаҳрвандон изҳор дошт, ки имрӯз яке аз мушкилиҳои муҳоҷирони мо ин манъ будани воридшавиашон ба Руссия мебошад. Вобаста ба ин масъала ҳамарӯза даҳҳо нафар шаҳрвандон ба Раёсати онҳо муроҷиат мекунад. Сабабҳои манъ шудани воридшавии шаҳрвандони мо аслан риъоя нашудани қоидаҳои буду бошт дар қаламрави Руссия мегардад. Баъзе онҳо шояд иҷозатномаи кор намегиранд, баъзеи дигар худро ба қайд намегиранд ва ё ягон қоидаҳои дигарро вайрон мекунанду вақте ба онҳо ҷарима таъин карда мешавад, маблағи ҷаримаро намесупоранд. Аз ин хотир вақте вориди дилхоҳ кишвари қабулкунанда мешавем бояд ҳатман қоидаҳои буду боши он кишварро риъоя кунем. Мушкили дигар дар он аст, ки баъзе аз шаҳрвандон ба хотири бозгаштанашон ба Руссия омада ному насаби худро иваз мекунанд ва бо ному насаби нав ба Руссия мераванд. Дар ҳоле, ки вуруди онҳо ба қаламрави ин кишвар манъаст. Як нуқтаро бояд фаромуш набояд кард, ки вақте мо шиноснома мегирем дар шиносномаҳои биометрии мо тамоми маълумотҳои муайянкунандаи шахсияти мо ҷой дода шудааст. Фаромуш набояд кард, ки мо дар асри технологияи иттилооти зиндагӣ дорем. Вақте шиносномаи шуморо гирифтаву месанҷанд онҷо шахсияти Шумо мисли оина маълум мешавад. Агар ному насабатро ҳам иваз карда боши ҳатман аз рӯи нақши ангуштонат ва дигар маълумотҳо ошкор мекунанд, ки ту кӣ ҳастӣ. Мувофиқи қонунгузории Руссия дар чунин ҳолат нисбати ҳамон шахс парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад, зеро вуруди шумо ба қаламрави ин кишвар ғайриқонунист. Аз ин хотир дар ин масъала бояд аз эҳтиёт кор гирифт, — гуфт Хоркашов.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here