8 феврали соли ҷорӣ дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо иштироки раиси вилоят муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ва роҳбари нави Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Рика Ишии вохӯрии судманд баргузор гардид. Зимни мулоқот мавзӯъҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи иқтисодиёти сабз, рақамикунонии намудҳои асосии хизматрасонӣ, нақлиёти шаҳрӣ, захираҳои обӣ ва ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосир дар саноати хурду миёна баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо ҷанбаҳои асосии рушди инфрасохтори мухталифро дар минтақа мавриди назар қарор доданд.
Раиси вилояти Хатлон пешниҳод карданд, ки лоиҳаи коҳиши талафоти нерӯи барқ дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Данғара таҳия карда шавад, ки феълан ин лоиҳа дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе бомуваффақият амалӣ гардидааст. Лоиҳаи мазкур ба коҳиши истифодабарии барқ ва афзоиши иқтидори энергетикӣ таъсири мусбат мерасонад.
Дар 5 соли оянда, ки “Солҳои рушди саноат” эълон шудаанд, дар вилояти Хатлон рақамикунонии хизматрасониҳои асосӣ ва беҳбуди инфрасохтори электронӣ дар шаҳри Бохтар низ дар назар аст.
Раиси вилояти Хатлон мухтарам Қурбон Ҳакимзода афзуданд, ки бояд дар шаҳр сервер таъсис дода шавад, ки амалиёти электронии нақлиёт, бонкӣ ва дигар намудҳои хизматрасониро назорат кунад. Ин барои тезонидани коркарди маълумот ёрии зиёд мерасонад.
Мавзӯи муҳиме, ки дар мулоқот мавриди баррасӣ қарор гирифт, бахши хусусӣ ва таъмини занону ҷавонони бекор бо кори доимӣ буд. Бо ин мақсад, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва шарикони рушди он барои соҳибкорони ҷавон дар минтақа машваратҳои омӯзишӣ ва семинарҳо мегузаронанд.
Зиёда аз 1000 лоиҳа, ки аз соли 2007 ба ин сӯ амалӣ мешаванд, ба беҳбуди соҳибкории хурду миёна дар кишвар нигаронида шудаанд.
Дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон татбиқи 5 лоиҳа дар назар аст, ки дар доираи иқтисоди сабз амалӣ карда мешаванд.
Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода дар сӯханронии худ пешниҳод намуд, ки системаи гармидиҳии шаҳр барқарор карда шуда, ба ин васила барои беҳбуди зиндагии шаҳрвандон дар фасли зимистон мусоидат намояд. Хонум Рика Ишии ин пешниҳодро ба эътибор гирифта, қайд кард, ки дар ин масъала кори ҷиддӣ хоҳад кард.
Дар навбати худ раиси бонк Рика Ишии ба иштирокчиён эълон намуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд рӯзи 10 март дар пойтахти Тоҷикистон муаррифии лоиҳаҳои наве, ки барои 5 соли оянда ба нақша гирифта шудаанд, доир мегардад. Чунин чорабинӣ дар назараст, ки дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон баргузор гардад.