Рӯзи 25.08.2018 дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокомитяи давлатии ноҳияи Темурмалик бо иштироки раиси ноҳия Аслзода Эмомддин ва аъзоёни Ситоди ноҳиявӣ оид ба ҳамоҳангсозии корҳо ҷиҳати фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 ҷаласа гузаронида шуд.
Дар кори ҷаласа гузориши мудири шуъбаи маорифи ноҳия Сатторов Шамсуло «оид ба рафти омодагиҳо барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 дар муассисаҳои таълимии ноҳия» шунида шуд.
Баъдан раиси ноҳия аз ҳар як аъзои ситод, вобаста ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳия аз 10-уми майи соли 2018, № 120 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ноҳия барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019» пурсиш ба амал овард.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбарони соҳаҳо вазифадор гардиданд, ки аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, омодагиҳои соҳаҳоро тибқи бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонида, аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда истифода намуда, кушиш ба харҷ диҳанд, ки рафти омодагиҳоро ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 вусъати тоза дода, фаъолияти мунтазам ва самарабахши ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи нохияро дар ин давра ба пуррагӣ таъмин намоянд.