Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо мактабу маориф, тарбияи ҷавонон ва насли наврас дар ҳамкорӣ бо ҷомеа, пайваста вохӯриҳои судманди кормандони милитсия бо донишҷӯён доир карда мешавад.
Дар ин радиф вохӯрии сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо бо донишҷӯён ва устодони муассисаи хусусии таълимии Коллеҷи муҳандисии омӯзгории шаҳри Бохтар баргузор гардид.
Мақсад аз вохӯрӣ пешгирии содиршавии ҷиноятҳо, алалхусус муноқишаҳои авбошии гурӯҳӣ дар байни ҷавонон, шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби ноболиғон ва ҷавонон иборат буд.
Сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар полковники милитсия Исозода Набиҷон Исо оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва риояи ҳатмии он маслиҳатҳои муфид пешниҳод карда, инчунин оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва роҳҳои пешгирии зуҳуроти номатлуб изҳори назар кард.
Зикр гардид, ки шароити хуби донишандӯзӣ барои насли ҷавон, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳайё гардидааст, ҷавононро вазифадор месозад, ки дар роҳи андӯхтани илму донишҳои муосир, азхудкунии касбу ҳунарҳои замонавӣ ва ободиву пешрафти Ватан бо ғайрату нерӯи ҷавонӣ ва бо қадамҳои устувор пеш раванд.
Дар толор зиёда аз 300 нафар донишҷӯёну омӯзгорон иштирок намуда, дар ҷараёни вохӯрӣ ба онҳо дар мавзӯҳои муҳими ҳаёти имрӯза сӯҳбати озоду самимӣ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён оиди мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳори ақида намуда, таклифу пешниҳодҳои судманд иброз намуданд.