Дар толори маҷлисгоҳи Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода — ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро ба уҳда доранд, баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Лангариев, сардорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимии олию миёна, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон ва фаъолони шаҳр иштирок доштанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба ҷалб намудани ҷавонписарони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша кард. “Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намуда, байни аҳолии осоишта ва ҷавонон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро зиёд намоем”, — зикр кард ёрдамчии Президенти мамлакат.

Ҳамчунин ба директори ТВ “Кӯлоб”, сармуҳаррирони рӯзномаҳои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб супориш дода шуд, ки дар барнома ва саҳифаҳои худ гузоришу мақолаҳои дорои мазмуни ватандӯстию ватанпарастиро бештар ҷой диҳанд.

Бахтиёр Лангариев, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баромади хеш иброз намуд, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб солҳои навадум аввалин шуда, ба муқобили хоинон ва он гурӯҳҳое, ки мехостанд Тоҷикистонро пора-пора сохта, миллату давлати тозаистиқлолро аз харитаи ҷаҳон нест кунанд, бархостанд. Ҳазорон ҷавонони ғаюру далери Ватан барои Ватан ҷон бохтанд. “Имрӯз мову шумо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда, он рӯзҳоро набояд фаромӯш кунем. Аз хизмат гурехтан бешарафист. Имрӯз дар қисмҳои низомии Тоҷикистон тамоми шароит барои нафароне, ки оиладор ҳастанд, муҳайё карда шудааст. Барои волидайн низ ҷойҳои дидорбинии шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Он нафароне, ки мехоҳанд ба дидорбинии падару модар раванд, саривақт то як ҳафта рухсатӣ дода мешавад. Хулоса, имрӯз шароит барои хизмати ҳарбиро ба ҷо овардан дар Қӯшунҳои ҳарбии кишварамон сад дар сад муҳайёст”, — зикр намуд муовини вазири мудофиа.

Дар қисмати баъдии ҷаласа аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба он нафароне, ки дар чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвози Пешвои муаззами миллат рӯзҳои 10-11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб саҳми назаррас гузоштанд, Ифтихорномаҳо ва мукофотҳо тақдим гардид.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии

дастгоҳи раиси вилояти Хатлон

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here