Рӯзи 19 май бо сокинони шаҳри Левакант силсила вохӯриҳо бо иштироки намояндагони гурӯҳи кории вилояти Хатлон дар ҳайати мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон С. Шарифзода, Ҳасани Муродиён-профессор, доктори илмҳои филология, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Р. Насриддинзода-мудири бахши кор бо ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва Усмоналӣ Нуров-сархатиби масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Бохтар доир гардиданд.

 Вохӯриҳо дар қасри фарҳанги шаҳр доир гардида, дар вохӯрҳо муҳтавои суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, ки 12 майи соли 2018 баргузор гардида буд, баррасӣ карда шуд.

 Намояндагони гуруҳи кории вилоят дар рафти воҳӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва вазъи ҷинояткорӣ суҳбат намуданд.

 Инчунин намояндагони гурӯҳи кории вилояти Хатлон нимаи дуюми рӯз дар вохӯрӣ бо ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигии ҷамоати деҳоти “Гулистон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ба номи А. Зоҳир доир ба дастовардҳо, фароҳам гардидани шароит барои ҷавонон, таҳсил дар хориҷи кишвар ва ҳоказоҳо суханронӣ намуданд.

 Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як вохӯриаш ба ҷавонон рӯй оварда таъкид менамояд, ки ояндаи давлат ва ҷомеа ба ҷавонон вобастааст ёдовар шуданд. Бинобар ин ба ҷавонони имрӯз лозим аст, ки гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар оварда ба омӯзиши фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва технологияи иттилоотӣ бештар шавқ банданд, таъкид намуданд онҳо.

 Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят И. Солеҳзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ Раҳимзода ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Левакант Н. Муродов дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба масъалаҳои экстремизму терроризм мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ сардори Раёсати Вазорати корҳои дохили дар вилояти Хатлон И. Солеҳзода доир ба таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ, дигаргун шудани низоми байналмилалӣ ва ба вуҷуд омадани алангаи нави мухолифату рӯёрӯӣ ва низоъҳо дар Шарқи Наздик, алалхусус бӯҳрони Афғонистон, Ироқ, Сурия, Баҳрайн, Яман ва бархе аз кишварҳои африқоӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва силоҳ, шиддат гирифтани мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ, хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда суханронӣ намуданд.

 Дар охир, дархосту пешниҳодҳои шаҳрвандон аз ҷониби сардори РВКД дар вилоят шунида шуд.

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here